- Ҷузъиёти пурраи ҳодисаи рухдода дар Данғара алҳол маълум нест, - гуфт имрӯз зимни нишасти хабарӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти ошкор ва боздошти афроди ба ин ҳодиса дастдошта 1 нафар кушта,1 нафар боздошт ва боз 3 нафари дигар мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.
«Кушташуда силоҳи оташфишон бо худ дошт. Аз ин рӯ, қобили қайд аст, ки афроди мавриди ҷустуҷӯ қарор дошта бо силоҳи оташфишон ё дигар навъи аслиҳа мусаллаҳ буда метавонанд», - қайд кард Раҳимзода.
Зимнан зикр гардид, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон ин парвандаро зери назорат гирифта, гурӯҳи тафтишоти ин ҳодисаро шахсан прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон роҳбарӣ мекунад», - иброз дошт вазир.
Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки яке аз сайёҳони захмишуда – шаҳрванди Фаронса бо ҷароҳат аз корд дар бемористон бистарӣ шуда, боз як сайёҳи дигар аз гурӯҳ қафо монда, намедонад, ки чӣ ҳодиса рух додааст.
Раҳимзода таъкид дошт, ки фарзияҳои гуногуни ҳодисаи рухдода мавриди баррасӣ қарор доранд.
«Феълан фарзияҳои садамаи нақлиёт, ҳамла бо мақсади ғоратгарӣ ва қатл баррасӣ мешавад. Ҳамчунин фарзияи амали террористӣ низ аз эҳтимол дур нест», - гуфт ӯ.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста