Тадбирҳои таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон дар ВМКБ идома ёфта, аҳолии осоишта набояд аз он дар ташвиш бошанд, гуфт раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов.
Тӯли як моҳи сипаришуда аз аҳолии вилоят 183 адад аслиҳа ва беш аз 4,3 ҳазор лавозимоти ҷангӣ (тир, муҳимот ва ғайра) мусодира гардида, дар ташкили ҳаракати нақлиёт дар Хоруғ тартибот ҷорӣ шуд, изҳор дошт Саймумин Ятимов дар ҷаласаи Ситоди байниидоравии таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ, хабар дод барномаи “Ахбор”-и ТВ “Бадахшон”.
Раиси КДАМ қайд кард, ки ҷараёни мусодираи аслиҳа ва боздошти ҷинояткорони эҳтимолие, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд, идома меёбад.
“Аҳолии осоишта ва сокинони ВМКБ, ки қонунро риоя ва ба он эҳтиром мегузоранд, набояд дар ташвишу нигаронӣ бошанд, онҳо зери ҳимояи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунҳои Тоҷикистон мебошанд”, - иброз дошт Ятимов.
Дар ҳамин ҳол, прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон дар ин ҷаласа изҳор намуд, ки агар ояндаи наздик беш аз 71 млн. сомонии аз ҷониби бонкҳо ба аҳолии вилоят қарздодаи бонкҳо баргардонида нашавад, нисбати чунин қарздорон парвандаҳои ҷиноӣ боз мешаванд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов изҳор намуд, ки барои ҷорӣ намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини волоияти қонун дар қаламрави вилоят як моҳ муҳлат кофӣ нест. “Мо ҳатман супориши президентро иҷро мекунем, вале барои ин вақт лозим аст”, - гуфт Файзов.
Ёдрас мекунем, ки ба ҳайати Ситоди байниидоравии таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҷамъиятӣ дар ВМКБ намояндагони сохторҳои қудратӣ ва раҳбарияти вилоят шомиланд. Ситод бо ҳаллу фасли масъалаҳои ҷорӣ кардани тартиботи ҷамъиятӣ, мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ аз аҳолӣ, боздошти гумонбарон ба содир кардани ҷиноятҳо, ки мавриди пайгард қарор доранд, машғул аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста