Бино ба маълумоти котиби матбуоти Кумитаи давлатии амнияти милии Тоҷикистон далели тарҳрезии амали террористӣ ҷой дошт.
Бо истинод ба маълумоти расида, маълум шуд, ки муовини аввали раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Умаров М.Г. дар доираи музокироти парлумонӣ дар Маҷлиси Олӣ изҳор доштааст, ки “тафтиши парвандаи террористон қариб ба итмом расида, ояндаи наздик ба баррасии суд дода мешавад”.
Умаров ҳамчунин хабар додааст, ки террористон ба сафҳои “Давлати исломӣ” ҷалб шуда, тариқи интернет ба ин созмон савганди садоқат ёд кардаанд. Онҳо нисбати пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон амалҳои террористӣ содир карданӣ будаанд.
Лекин бо кӯшиши КДАМ аз ин амалҳои террористӣ пешгирӣ шуда, иштирокчиёни он бо далелҳои шайъӣ ҳафтаи гузашта дар хонаи яке аз аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд, хабар дод генерал-лейтенант.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста