Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" масъулияти ҳамлаи маргбори 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ ва дар наздикии марзи Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба уҳда гирифт. ДОИШ рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" иддао кард, ки дар ҳамла 10 сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро куштаанд. Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо 2 нафар эълон карданд.
Дертар ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки дар ин ҳодиса 5 марзбон ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҷон бохтаанд. Мақомот ин иттилоъро тасдиқ ё рад накардаанд.
Нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар оғоз ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро кори ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" хонд. Масъулон гуфтанд, 20 ҷангҷӯйи ДОИШ шаби 3-юми ноябр "бо дастури вижа аз ноҳияи Қалъаи Золи Афғонистон ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон гузашта, сипас ба дидбонгоҳ ҳамла кардаанд".
"Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии "Ишқобод"-ро барои худ ҷойи муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд", - омадааст дар изҳороти рӯзи 6-уми ноябр.
Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, дар задухӯрд 15 ҷангҷӯйи гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро кушта, панҷ нафари дигарро дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ шумораи дастгиршудаҳоро 4 нафар гуфт.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон инчунин гуфт, ин афрод ҳангоми ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намудаанд. Ба иттилои вазорат, дар пайи дунболагирӣ ва амалиёт 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорат рӯзи 6-уми ноябр чанд акси ҷойи ҳодисаро нашр кард, вале дертар онро пок намуд.
Бо гузашти се рӯз аз ҳодиса тафсилоти дигар дар даст нест. Мақомот ба суолҳо посух намегӯянд ва таъкид мекунанд, ки таҳқиқ идома дорад.
Дар бештар аз як соли ахир гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" масъулияти чаҳор ҳамлаи маргборро дар Тоҷикистон ба уҳда гирифтааст.
Дар ҳодисаи аввале, ки ДОИШ даст доштани худро эътироф кард, ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғара буд, ки бар асари он чаҳор нафар кушта шуданд. Баъдан ДОИШ масъулияти ташкили ошӯбҳои хунин дар зиндонҳои шаҳри Хуҷанд ва Ваҳдатро кори дасти худ хонд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ"-ро созмони террористӣ эътироф кардааст ва то кунун даҳҳо нафар бо ҷурми пайравӣ аз ин созмон ё ҳамдастӣ бо он боздошту зиндонӣ шудаанд. Мақомот соли гузашта гуфтанд, тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар ба Ироқу Сурия рафта, ба сафи ин гурӯҳи даҳшатафкан пайвастаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста