Душанбе. 6-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Мақомоти шаҳрдории Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ оид ба баррасии масоили хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, дар кори ҷаласа ба ҷуз кормандони сохтору мақомоти дахлдорӣ шаҳрдорӣ, ҳамчунин намояндагони васоити ахбори умуми ватанӣ ширкат варзида, дар он баррасии масоили вазъи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ, риояи хатсайру фарҳанги мусофиркашонӣ баҳри ҳимояи ҳуқуқи мусофирон-сокинони шаҳр дар маркази таваҷҷӯҳ қарор дошт. «Дар робита ба ин масъала раиси пойтахт аз мусофирон хоҳиш кард, ки дар мавриди истифодаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ ва пардохти ҳаққи роҳкиро нагузоранд, ки аз ҷониби ронандагон ҳуқуқҳояшон поймол карда шавад», - гуфт ӯ.

Ба қавли мавсуф, дар ҷаласа хадамоти дахлдори шаҳрӣ муваззаф карда шуданд, ки дар фурсати наздиктарин бо таҳлилу омӯзиши назари мутахассисони Вазорати нақлиёт ва Агентии «Тоҷикстандарт» пешниҳодот бобати ба сифати нақлиёти мусофирбар истифода кардани микроавтобусҳои истеҳсоли чиноии маъруф ба «тангемка»-ро омода созанд.