Душанбе. 10-уми июн. «Азия-Плюс» — | Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Шӯъбаи минтақавии Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар ҳамдастӣ бо Бюро оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ва Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон таҳти унвони «Ҳуқуқ ба манзили кифояткунанда: проблемаҳо ва дурнамои рушд дар Тоҷикистон» мизи мудаввар доир месозанд.

Дар кори мизи мудаввар бобати масоили меъёрҳои байнулмилалии ҳуқуқ ба манзили кифояткунанда, воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ, фаъолияти Гузоришгари махсуси СММ оид ба ҳуқуқи кифояткунанда ба манзил ва лоиҳаи нави Кодекси манзил ва сиёсати манзили ҶТ табодули афкор сурат мегирад.

Дар кори мизи мудаввар кормандони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони низоми додгоҳии ҷумҳурӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва коршиносони идораи Раёсати Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон (ш.Женева) ширкат мекунанд.