Барои донишҷӯёни Донишгоҳи исломии Тоҷикистон дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ таҳия мегардад. То ин замон донишҷӯёни ин муассиса тибқи китобҳои дарсии «Русская грамматика» ва «Практические курсы русского языка» таълим мегирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз муаллифони дастур, омӯзгори забони русии донишкадаи мазкур Ширинбек Назаров хабар дод, ҳарчанд донишҷӯён забони русиро меомӯзанд, вале то ҳанӯз дар донишкада ягон дастури истилоҳоти динӣ бо забони русӣ вуҷуд надошт. Айни замон дастур дар ҳоли таҳия қарор дошта, пеш аз нашр бо Вазорати маориф ва Кумитаи умури дин мувофиқа карда мешавад. Муаллифи дигар дастур омӯзгори ҳамин донишгкада Баргигул Асоева мебошад.
Ба гуфтаи Назаров, айни замон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон донишҷӯён танҳо дар соли аввали таҳсил забони русиро меомӯзанд. Миқдори соатҳои дарсии забони русӣ 106 соатро ташкил медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ягона мактаби олии динӣ дар ҷумҳурӣ буда, феълан дар он аз рӯйи 5 ихтисос 1 ҳазору 411 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 427 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста