Зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Хоруғ директори генералии ширкати «Помир Энержи» Далер Ҷумъаев изҳор кард, ки ояндаи наздик масъалаи расонидани ёрии пулӣ ба аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои истифодаи барқ ба яке аз мушкилоти асосии таъмини вилоят бо барқ мубаддал мегардад.
Ба гуфтаи ӯ, ёрии пулии пешина, ки аз ҷониби ҳукумати Швейтсария дар ҳаҷми 5 млн. доллари ИМА пешниҳод гардида буд, ахири соли 2011 ба охир расид.
«Мувофиқи шартҳои Қарордоди Консессионии ба имзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Помир Энержи» аз соли 2002 ва ҳамчунин дар асоси Созишнома дар бораи пардохти хароҷоти ҳифзи иҷтимоӣ, ҳукумати ҷумҳурӣ ӯҳдадор аст, ки ба дастрас кардани ёрии пулӣ ба аҳолии ВМКБ мусоидат намояд, - гуфт ӯ. – Ин масъала бо тамоми вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шуда, айни замон бо Вазорати молия гуфтушуниди машваратӣ дар ин хусус идома дорад».
Д.Ҷумъаев гуфт, феълан ширкат ду роҳи маблағгузорӣ ба пардохти хароҷот ба ҳифзи иҷтимоиро дорост, ки яке аз он аз ҳисоби фарқи фоизи қарзи Бонки ҷаҳонӣ, ки ба ширкат дар марҳилаи аввал тавассути ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва дигаре аз ҳисоби маблағгузории берунӣ.
«Помир-Энержи» ҷиҳати дастрас кардани маблағ дар ҳаҷми 3,7 млн. доллари ИМА бо ҳукумати Швейтсария қарордод дорад, - гуфт номбурда. – Ин маблағ натанҳо ба таъмини ёрии пулии истифодаи барқ барои аҳолии ВМКБ дар солҳои 2012-2014 имкон медиҳад, балки ҷиҳати дастрас кардани 15 ҳазор адад ҳисобкунакҳои барқӣ барои анҷоми насби ҳисобкунакҳои электронии хароҷоти барқ шароит фароҳам меорад».
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста