Шумори бекорони расман сабтшуда дар Тоҷикистон ба ахири моҳи ноябр зиёда аз 55 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ба гуфтаи сардори департамени меҳнат ва шуғли аҳолии Агентии омори назди президенти ҶТ Алиҷон Қулов, сатҳи расмии бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2,6%-и аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ҷумҳуриро ташкил медиҳад, ки 52% ё худ 28,9 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд. «Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумори бекорони расман сабтшуда ба миқдори беш аз 7 ҳазор нафар зиёдтар шудааст», - гуфт вай.
Номбурда мегӯяд, ҳамчунин тарзҳои дигари муайян кардани шумори бекорон мавҷуд аст. «Масалан, ҳар семоҳа баргузор намудани таҳқиқоту назарсанҷӣ миёни аҳолӣ, ки дар кишварҳои рушдёфта ба таври густарда аз он истифода мешавад. Аммо баргузории чунин таҳқиқот хароҷоти маблағи зиёдро тақозо мекунад. Бо дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ мо солҳои 2004-2009 чунин таҳқиқотҳо доир намудем», - иброз дошт вай.
Бино ба маълумоти Қулов, натоиҷи таҳқиқоти соли 2009 нишон доданд, ки сатҳи умумии бекорӣ аз сатҳи расмии он панҷ маротиба зиёд аст. «Масалан, агар имрӯз мутобиқи маълумоти расмӣ сатҳи бекорӣ дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 2,6%-и аҳолии аз ҷиҳати иқтисоди фаъоли ҷумҳуриро ташкил диҳад, пас мутобиқи маълумоти таҳқиқот,он на камтар аз 10,5%-ро ташкил медод», - афзуд номбурда.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста