Соли равон ба соҳаи маорифи шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб дар маҷмӯъ 21 млн. 393 ҳазору 170 сомонӣ маблағ равона мегардад, ки он қариб 50% аз ҳаҷми умумии буҷети имсоларо ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 2 млн. 554 ҳазору 487 сомонӣ зиёдтар аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати молияи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бахтиёр Назаров хабар дод, ба соҳаи тандурустӣ ҳудуди 14 млн. сомонӣ (соли 2011 – 10,2 млн. сомонӣ) маблағ ҷудо гардида, ба ҷуз бахши кишоварзӣ ва хадамоти коммуналӣ, ҳаҷми маблағҳои пешбинишуда ба тамоми соҳаҳои хоҷагидории шаҳру ноҳияи Кӯлоб дар муқоиса бо соли гузашта аз 11 то 37% афзудаанд.

«Соли равон аз буҷет ба хадамоти коммуналӣ 1 млн. 935 ҳазору 840 сомонӣ маблағ ҷудо карда мешавад, ки нисбат ба соли гузашта 1 млн. 276 ҳазор сомонӣ камтар аст. Ба таъмини фаъолияти муассисаҳои бахши кишоварзӣ низ ҳамагӣ 59% аз ҳаҷми умумии маблағи соли гузашта ҷудогардида пешбинӣ шудааст», - гуфт Назаров.

Ба қавли номбурда, соли равон ба шаҳр ва ноҳияи Кӯлоб 43 млн. 166 ҳазору 717 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ҷудо гардида, 27 млн. 639 ҳазор сомонии қисми хароҷоти буҷети соли равонро мебояд мустақилона дарёфт кард. «Воситаҳои боқимонда аз сарчашмаҳои дигар, аз ҷумла аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ дастрас хоҳанд шуд», - афзуд ӯ.