Иваз кардани директорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, ки дар ин вазифа беш аз панҷ сол кор кардаанд, ба таври стихиявӣ сурат нахоҳад гирифт.
Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Гулнора Бобоева дар робита ба ин масъала изхор кард, ки барои ба иҷро расонидани қарори марбутаи раиси пойтахт дар ин бора дар Раёсати маорифи ҳукумати шаҳри Душанбе комиссияи махсус таъсис дода шуд.
Ба гуфтаи вай, зимни ивази директорони мактабҳо, пеш аз ҳама дастовардҳои муассисаи таълимӣ дар олимпиадаҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ ва байнулмилалӣ ва ҳамчунин ҷой доштани ҳодисаҳои қонуншиканӣ аз ҷониби толибилмони мактаб ба эътибор гирифта мешаванд. «Ивази директорони макотиби таҳсилоти умумии пойтахт, ки муддати тӯлонӣ дар ин мансаб ифои вазифа мекунанд, ҳамчунин ба пешгирии коррупсия дар муассисаҳои таълимӣ равона шудааст», - гуфт ӯ.
Дар робита ба додани шаҳодатномаҳо (аттестатҳо)-и қалбакӣ дар бораи гирифтани маълумоти миёна аз ҷониби директорони мактабҳои шаҳри Душанбе, ки ба ин амал сарвари давлат дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти ҳукумат ишора кард, Бобоева иброз дошт, ки кормандони мақомоти прокуратура чунин далелҳоро дар мактабҳои № 4, 11, 27, 52 ва 97-и пойтахт ошкор кардаанд.
«Аз рӯйи ин далелҳо ҳам аз ҷониби мақомоти судӣ ва ҳам аз ҷониби Раёсати маорифи пойтахт чораҳои зарурӣ андешида шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд», - таъкид сохт Бобоева.
Дар посух ба саволи хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар бораи салоҳияти раиси шаҳр оид ба қабули қарор дар хусуси иваз кардани директорони мактаб, Бобоева гуфт, қарори раиси шаҳр комилан қонунӣ аст, зеро макотиби таҳсилоти умумии пойтахт дар тобеияти ҳудуди қаламравии ҳукуматдорони шаҳр қарор доранд.
«Ғайр аз ин, мебояд ба эътибор гирифт, ки фаъолияти мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт асосан аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ таъмин карда мешаванд. Маъмурияти шаҳр барои сохтмон ва аз таъмир баровардани мактабҳо маблағҳои зиёд ҷудо мекунад, - таъкид кард номбурда.
Г.Бобоева афзуд, айни замон дар шаҳри Душанбе 140 мактаби таҳсилоти умумӣ амал мекунанд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста