Ҷаласаи нахустини баррасии даъвои рӯҳониёни маъруф бародарон Тӯраҷонзодаҳо нисбат ба раиси Шӯрои уламои ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода нимаи дуюми имрӯз дар суди ноҳяи Исмоили Сомонии пойтахт баргузор мешавад.
Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода хабар дод, онҳо муфтиро дар тӯҳмат ва таққаллубкории изҳороти дар масҷидҳо қироатшуда гунаҳкор мешуморанд.
Бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба он таавааҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, ки С.Абдуқодирзода онҳоро дар анҷом додани маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа, ҷонибдории мазҳаби мазкур ва канор рафтан аз равияи суннӣ гунаҳкор кард.
Даъвои дигари бародарон дар он ифода меёбад, ки онҳо мегӯянд, изҳороти зикршуда аз номи Шӯрои уламо гӯё дар ҷаласаи Шӯро баррасӣ ва қабул нагардидааст.
Ёдрас мекунем, ки дар таърихи 6-уми декабри соли равон Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон изҳороте пахш карда, аз мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дархост намуда буд, ки ба ин амали Тўраҷонзодаҳо баҳои ҳуқуқӣ дода, баҳри пешгирӣ намудани чунин амалҳои бегонапарастӣ чораҳои қатъӣ андешанд.
Дар изҳорот аз ҷумла зикр гардида буд, ки «бо назардошти он, ки мардуми шарифи Тоҷикистон пайрави мазҳаби ҳанафӣ буда, таърихан на дар Бухорову Самарқанд, на дар Хатлону Хуҷанд ва на Ҳироту Ҳисори бостон, ки садҳо уламо ва донишмандони ҷаҳониро дидааст, дар ҳеҷ давру замон маросими Ошўроро мотам нагирифтаанд, аз ин хотир Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон амали Тўраҷонзодаҳоро дар мавриди мотамгирии Ошўро, ки дар таърихи 2 декабри соли 2011 дар масҷиди ҷомеи деҳаи Туркободи шаҳри Ваҳдат анҷом доданд, ба пуррагӣ мухолифи таълимоти мазҳаби ҳанафӣ меҳисобад».
Кумитаи умури дини назди ҳукумати кишвар рӯзи 9-уми декабр мутобиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», фаъолияти масҷиди «Муҳаммадия»-ро, ки ҳамчун масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо маъруф аст, ба муддати се моҳ манъ кард.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста