Чанде қабл нахуствазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҷаласаи кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни Наврӯз-2012 дар Тоҷикистонро баргузор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва намояндагони иттиҳоди эҷодкорони ҷумҳурӣ ширкат варзиданд. Дар ҷаласа зикр гардид, ки ҷашни қадимаи мардуми форсизабон соли гузашта бо қарори СММ мақоми ҷашни байнулмилалиро соҳиб шуд ва соли равон бори нахуст дар шаҳри Душанбе бо иштироки ҳайатҳои воломақоми беш аз 30 кишвари дунё ҷашн гирифта мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ барои омодагӣ ба таҷлили ҷашни байнулмилалии Наврӯз-2012 дар Тоҷикистон кумитаи тадорукотӣ таъсис дода шуда, нақшаи кории он тасдиқ гардидааст. Оқил Оқилов ба аъзои кумитаи тадорукот супориш дод, ки дар фурсати наздиктарин барномаи баргузории ҷашнро омода созанд.