Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки маълумот доир ба гузаронидани фестивали байналмилалии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гӯё скинхедҳо низ дар он даъват шудаанд, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷират интишор нашудааст.

Ба ҳамагон маълум аст, ки баргузоршавии ҳамагуна чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ танҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад ва гузаронидани онҳо аз салоҳияти Хадамоти муҳоҷират берун аст.

Бояд қайд намуд, ки пешниҳоди баргузории фестивали ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи он даъвати ташкилотҳои ғайрирасмии Россия, аз ҷумла, скихендҳо танҳо пешниҳоди иддае аз донишҷӯёни ҷавони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки соли гузашта интишор ёфта буд. Дар ин бора аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҷумҳурӣ хабар доданд.