Ба табибони ноҳияи Шаҳритӯс музди меҳнати моҳҳои ноябр ва декабри соли 2011 пардохта нашудааст.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз роҳбарони бахши тандурустии ноҳияи мазкур хабар дод, бори охир онҳо музди меҳнати моҳи октябри соли гузаштаро гирифтаанд. «Ба мо ваъда доданд, ки рӯзҳи наздик музди меҳнати моҳҳои ноябр ва декабри соли гузаштаро ппардохт мекунанд, вале алҳол чизе нагирифтаем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, шумори кормандони тиббӣ дар муассисаи онҳо беш аз 250 нафарро ташкил медиҳад ва ба ҳисоби миёна музди меҳнат ба 200-250 сомонӣ баробар аст.
Аммо дар раёсати молияи маъмурияти ноҳияи Шаҳритӯс маълумот дар бораи қарздорӣ аз музди меҳнатро рад карда, дар робита ба ин масъала гуфтанд, ки «дар ташкилотҳои буҷетии ноҳия қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад». «Рӯзҳои наздик мо аллакай маблағи музди меҳнат барои моҳи январро таъмин менамоем», - афзуд манбаъ.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста