Дар иҷлосияи навбатии вакилони халқи вилоят раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов аз раисони шаҳру навоҳӣ даъват ба амал овард, ки бидуни таъхир дар шабакаи Интернет сомонаҳои худро боз намуда, почтаи электрониашонро ба қайд гузоранд.
«Мо дар асри XXI зиндагӣ дорем ва ба Шумо магар шармовар нест, ки моро дар ВАО барои мавҷуд набудани сомонаҳои расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо мавриди интиқод қарор медиҳанд? Ин огоҳии охир ба ҳама аст ва ман ба Шумо супориш медиҳам, ки дар фурсати наздиктарин дар шабакаи Интернет сомонаҳои расмии худро боз намуда, дар ин бора журналистонро огоҳ намоед», - гуфт Афзалов дар иҷлосия.
Дар идома раиси вилоят изҳор кард, ки «имрӯз дар кишвар беш аз 2 млн. нафар аз шабакаи Интернет истифода мекунанд ва дар сурати мавҷуд будани сомонаи расмӣ, онҳо метавонанд бо шумо бидуни мушкилӣ тамос гирифта, дар бораи фаъолияти ҳамарӯзаатон маълумот ба даст оранд, ки ин ба нафъи худи шумост».
Ғайр аз ин, раиси вилоят супориш дод, ки тамоми сохторҳои давлатии шаҳру ноҳияҳо ба шабакаи Интернет васл карда шаванд.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста