Душанбе. 13-уми июн. «Азия-Плюс» — Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ ба идораи хабаргузории «Азия-Плюс» қарор дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдинг (www.news.tj (www.asiaplus.tj)-ро шифоҳӣ шарҳу тавзеҳ дод. Ёдрас мекунем, ки дирӯз ба ширкатҳои фароҳамсоз (провайдерон)-и интернети кишвар бо мазмуни «бо сабабҳои техникӣ ва корҳои профилактикӣ» қатъ кардани дастрасӣ ба торнамои «Азия-Плюс» аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ мактуб расидааст. Нимаи дуюми рӯз чанде аз фароҳамсозони интернет ин талаби Хадамоти алоқаро ба иҷро расониданд. Тавре ба масъулони торнамои «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона роҳ додан ба нашри шарҳу андешаҳои иғвобарангези корбарони торнамо будааст. Ба гуфтаи ӯ, як қатор шарҳу андешаҳои корбарони сомона дар поварақи хабару мақолаҳо аз туҳмату таҳқир ба унвони мансабдорони баландпояи ҷумҳурӣ иборат будаанд. Идораи хабаргузорӣ ба гирифтани як шарҳ, ки ба андешаи сардори Хадамоти алоқа мухолифи қонунгузорӣ аст, тасмим гирифт ва дар навбати худ, Бег Зуҳуров ваъда дод, ки ояндаи наздик мушкилоти дастрасӣ ба сомонаи хабаргузорӣ ҳал мешавад. Идораи хабаргузорӣ нома ба 14 ширкатҳои фароҳамсози интернет дар бораи қатъи дастрасӣ ба торнамои медиа-холдингро дар ихтиёр дорад, вале бинобар муҳри махфият доштани мактуб, онро дар торнамо интишор карда наметавонад. Ани замон идораи хабаргузорӣ барои ҷойгир кардани маводи иттилотии худ аз прокси-сомонаҳо низ истифода мекунад.