Ширкати Beeline ба «Маркази хун»-и шаҳри Хуҷанд барои наҷоти хун кӯмак расонид.

Ба туфайли саривақт аз ҷониби ширкат таъмин кардани марказ бо генератори барқии дизелӣ муяссар шуд, ки 50 литр хун ва 100 литр плазма аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошта шаванд.

Дар робита ба ин масъала директори филиали ширкати Beeline дар вилояти Суғд Алишер Асоев изҳор кард, ки кормандони марказ ба онҳо муроҷиат карда, дархост кардаанд, ки бинобар сабаби корҳои таъмир интиқоли барқ ба марказ қатъ шудааст. «Ҳар як сония ғанимат буд ва мо тасмим гирифтем, ки фавран генератори барқии дизелии худро ба онҳо расонем. Мо хушнудем, ки ба ин муассисаи муҳими шаҳрӣ кӯмак расонида, миқдори зиёди хунро наҷот додем, то ки он минбаъд ба солимии даҳҳо беморон мусоидат намояд», - гуфт номбурда.

Муовини директори маъмурияти Муассисаи давлатии «Маркази хун»-и шаҳри Хуҷанд Анзура Раҷабова ба ширкат барои саривақт кӯмак расонидан изҳори миннатдорӣ кард.