Рӯзи Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи марказӣ ва ду масҷиди намози панҷгонаи ноҳияи Мӯъминобод дар ҳаҷми умумии беш аз 53 ҳазор сомонӣ маблағи хайрияи ибодаткунандагон ҷамъоварӣ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод Абдурасул Самадов хабар дод, рӯзи ид дар масҷиду дигар макони ибодати ноҳия 11 ҳазору 530 нафар ҳузур доштаанд.

Ба қавли ӯ, аз маблағи ҷамъоваришуда беш аз 50 ҳазор сомониаш тибқи рӯйхати махсус ба оилаҳои камбизоат тақсим карда шуд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар ноҳияи Мӯъминобод 51 масҷиду макони ибодат амал мекунанд.