Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузории Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки аз 20 то 21-уми августи соли 2013 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, дар Бонки миллии Тоҷикистон Маркази матбуоти конфронси номбурда ташкил карда мешавад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, барои инъикоси чорабинии мазкур, саривақт дастрас намудани маълумоти кофӣ аз рафти баргузории он ва таҳияи мақолаю гузоришҳо ба рӯзноманигорон дар Маркази матбуот шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда хоҳад шуд.

«Намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ метавонанд аз имкониятҳои мавҷудаи Маркази матбуоти ҷаласаи номбурда, аз ҷумла 40 адад компютери нави пайваст бо шабакаи Интернет, 100 нуқтаи дастрасӣ ба шабакаи интернети беноқил (WIFI) ва таҷҳизотҳои дигари зарурии алоқа истифода баранд» - зикр мегардад дар иттилои БМТ.