Аз 14-уми август дар қаламрави вилояти Суғд пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» дар диапазони FM дар басомади 104.4 Mhz оғоз гардид.

Тавре директори генералии радио Парвона Аҳрорӣ дар ин робита хабар дод, акнун барномаҳои радиои «Азия-Плюс»-ро метавон дар шаҳри Хуҷанд, Чкаловск ва ноҳияҳои Зафарободу Бобоҷон Ғафуров низ шунид. Интиқоли мавҷ бо дастгирии фаннии ширкати «Вавилон-Т» имконпазир гардид.

Аудиторияи имконпазир дар ин минтақа ҳудуди 600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ аудиторияи радиои «Азия-Плюс» дар шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ба наздики 1 млн. нафар баробар аст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои наздики он – Сарбанд, Вахш, Румӣ ва Бохтар шумори шунавандагони радиои «Азия-Плюс» 500-600 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Директори тиҷоратии радиои «Азия-Плюс» Далер Нурхонов илова намуд, ки пас аз анҷоми эфири техникӣ эфири мукаммал ба ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ тақсим гардида, барои эфири минтақавӣ ҳамарӯза 6 соат вақт ҷудо карда мешавад. «Ин эфир аз мусиқии махсуси интихобшуда, барномаҳои гуногун ва бахши таблиғу реклама барои рекламадиҳандагони минтақавӣ иборат хоҳад буд», - иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки шабакаи мустақили радиои «Азия-Плюс» барои пахши барномахо дар сатҳи ҷумҳурӣ ва тавассути интернет иҷозатнома дастрас кардааст. Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли гузашта пахши барномаҳои радио дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Дар минтақаи ҷануб пахши барномаҳои радио тавассути ҳамон басомади дар пойтахт мавҷуда – 107 FM сурат мегирад.

Радиои ASIA-Plus - нахустин радиои мустақили Душанбе мебошад. Радио 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107 FM садо дода, 24 соат дар шабонарӯз ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашрҳои хабарӣ ва барномаҳо пахш мекунад. Шакли барномасозии радио – иттилоотию мусиқӣ аст. Нашрҳои хабарӣ ҳар соат пахш мешаванд.