Шурӯъ аз соли нав рӯзномаи ҳукуматии «Ҷумҳурият» ба муносибати 90-солагиаш ҳамарӯза ба чоп хоҳад расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардабири ҳафтавор Атохӯҷа Мирхоҷа хабар дод, мавод барои чоп дар ҳафтавор мудом хеле зиёд асту идораи ҳафтавор саривақт онҳоро ба нашр расонида наметавонад.

Ба қавли ӯ, имсол ба таъсиси газета 89 сол пур мешавад ва дар замони шӯравӣ он ҳамарӯза ба нашр мерасид. «Аз соли 2000 газета дар як ҳафта се маротиба ба чоп мерасад. Айни замон имконоти молии кишвар хубтар мешавад ва мутаносибан талаботи аҳолӣ ба газета низ меафзояд. Аз ин рӯ, мо аз президнт хоҳиш кардем, ки аз соли 2014 нашри ҳамарӯзаи газетаро ба роҳ монем», - зикр кард А.Мирхоҷа.

Нахустин шумораи газета 15-уми марти соли 1925 бо номи «Иди тоҷик» ва шумораи дуюм таҳти унвони «Бедории тоҷик» ба табъ расид. Аз соли 1928 то 1-уми январи соли 1955 газета «Тоҷикистони Сурх» ва аз 1-уми январи соли 1955 то моҳи сентябри соли 1991 «Тоҷикистони Советӣ» ном дошт. Аз моҳи сентябри соли 1991 то имрӯз газета таҳти унвони «Ҷумҳурият нашр мешавад.