Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда раиси Шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки раисони ноҳияҳои пойтахт, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва комиссияи дахлдори мақомоти шаҳрдорӣ дар маҳаллаи «Ховарон» ҷаласаи сайёр доир намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни иҷрои қарори раиси пойтахт доир ба тақсимоти қитъаҳои замин ба сокинон ҷиҳати сохтмони манзил баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар маҳаллаи «Ховарон» ба 727 нафар сокинони пойтахт барои сохтмони манзил се сотихӣ қитъаи замин ҷудо карда шудааст.
«Дар қитъаҳои замини ҷудогардида айни ҳол аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони хатҳои муҳандисии беруна, роҳҳо, ирригатсия, обтаъминкунӣ, корезӣ ва барқтаъминкунӣ оғоз гардида, санаи 27-уми август маросими ба моликони қитъаҳои замин супурдани ҳуҷҷатҳои дахлдор доир мегардад», - гуфта мешавад дар иттилои мақомоти шаҳрдорӣ.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста