Анонс

 

- Дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об таҳти унвони «Тавсеъаи ҳуқуқ ва имконоти занон: асосҳои ҳамкории муваффақи фаромарзии обӣ» ҳамоиши занон барпо мегардад. Оғоз соати 14:00;

- Дар суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ҷаласаи пешакии судӣ оид ба баррасии даъвои намояндагони зиёиён нисбати газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина доир мегардад. Оғоз соати 09:00;

- Нахуствазири Шоҳигарии Таиланд Йинглак Шинаватра бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

- Дар қароргоҳи ҳукуматӣ дар пойтахт ҷаласаи 9-уми Кумитаи роҳбарии Маркази минтақавӣ оид ба идоракунии захираҳои обӣ дар шаҳрҳо (RCUWM-Tehran) баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00. 

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7668 сомонӣ;

1 евро - 6.4259 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1485 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

Рӯзи ихтироъкорон ва навоварон.

1960 – Бори нахуст мавҷудоти зиндаи ба кайҳон бароварда – сагҳо Белка ва Стрелка ба Замин баргаштанд.

2003 – Дар тендери сохтмони нақби Анзоб ширкати эронии «Собир» ғолиб дониста шуд.

1515-1580 – Зодрӯзи шоири форсу тоҷик, таърихшинос ва тарҷумон Абдибек Шерозӣ.

1909-1984 – Мавлуди коргардони кино Рафаил Перелштейн.

1954 – Зодрӯзи доктори улуми биологӣ Саидалӣ Гулов.

1961-2001 – Мавлуди овозхон Муборакшо Мирзошоев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+22, рӯзона +34+39, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +16+21, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришоти назаррас, дар ноҳияҳои ҷудогонаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +13+18, рӯзона +24+29;  дар шарқи вилоят шабона +1+6, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +19+21, рӯзона +35+37.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +18+20, рӯзона +34+36.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +25+27.