Соли хониши нав дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг мактаб-интернати нав барои 320 нафар толибилмон ба фаъолият оғоз мекунад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси ноҳияи Ховалинг Зарангез Ҳафизова хабар дод, интернат аз ҳисоби маблағи корхонаи маҳаллии «Заршӯии Одина» сохта шудааст.

Ба қавли ӯ, миёни соҳибкорону ҳукумат оид ба 50%-ӣ маблағгузорӣ кардани ҷараёни таълим – ба ҳисоби миёна 500 $ барои ҳар як хонанда дар давоми сол қарордод баста шуда, хонадагони синфҳои 5-11 дар асоси озмун аз тамоми минтақа интихоб мешаванд ва толибилмони синфҳои ибтидоӣ танҳо аз ноҳияи Ховалинг ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, корхонаи «Заршӯии Одина», ба ҷуз истеҳолоти асосӣ ҷиҳати фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ барои аҳолии маҳаллӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад. «Аллакай 12 нафар дар коргоҳи бофандагӣ фаъолият дошта, 24 нафар дар курсҳои дӯзандагӣ касб меомӯзанд», - иброз дошт ӯ.

Ҳафизова ҳамчунин изҳор кард, ки 16 нафар дар нонвойхона 8 навъи маснӯот истеҳсол мекунанд, 6 нафар дар коргоҳи заргарӣ бо кор таъмин буда, пас аз касбомӯзӣ шумори заргарон ба 36 нафар мерасад. «Ояндаи наздик насби таҷҳизоти истеҳсоли олмонӣ барои корхонаи хурд оид ба коркарди рустаниҳову гиёҳҳои шифобахш оғоз мегардад», - афзуд номбурда.