Шурӯъ аз имрӯз то охири моҳ толибаҳои мактаб, донишҷӯдухтарон ва муаллимаҳои муассисаҳои таълимии Тоҷикистон сарулибоси миллӣ ба бар мекунанд.

Ин дастури расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон охири моҳи январ ба муассисаҳои таълимии кишвар фиристода шуд.

Дар мактуби Вазорат зикр гардида буд, ки ин иқдом ба хотири таблиғу эҳёи анъанаҳои беҳтарини гузаштагони мардуми тоҷик ва арзанда истиқбол гирифтани ҷашни Наврӯз роҳандозӣ мешавад.

Дар инфографикаи зер харҷи бонувони тоҷик барои пайравӣ кардан ба тавсияи Вазорат ҳисобу китоб шудааст.