Имрӯз шабакаи ҷаҳонии Интернет ҳамаро фарогир буда, кӯдакон низ истисно нестанд. Дар шабака бозиҳои хатарноке, аз ҷумла ба истилоҳ анҷомаш бо марге вуҷуд доранд, ки метавонанд ба рӯҳияи ноболиғ таъсири манфӣ расонанд.

Аз ин рӯ, барои аз хатарҳои эҳтимолӣ эмин нигоҳ доштани фарзандатон дар шабака баъзе тадбирҳо мебояд рӯйи даст гирифт, ки хеле оддиву дастрасанд. Бо чанде аз онҳо дар инфографикаи мо маълумот дарёфт карда метавонед.