Дар нашри тозаи «Атласи забонҳои дар ҳоли гумшавӣ қарордоштаи ҷаҳон»-и ЮНЕСКО аксари чунин забонҳо ба Тоҷикистон, саҳеҳтараш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рост меоянд.

«Азия-Плюс» ҳамроҳ бо шарикон аз «Открытая Азия онлайн» тасмим гирифтанд, ки бо масъалаи аз ҷониби кӣ истифода шудани забонҳои нодир дар минтақа огаҳ шаванд.

Дар Атлас зикр мегардад, ки ҳудуди сеяки забонҳои ҷаҳон зери хатари аз байн рафтан қарор дошта, ояндаи наздик аз 6,9 ҳазор забонҳои мавҷуда 2,5 ҳазорашон метавонанд тамоман ба нестӣ расанд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ аксари забонҳои дар ҳоли нестшавӣ қарордошта ба Тоҷикистон рост меояд. Инҳо забонҳои помирӣ мебошанд, ки мақоми расмӣ ва хат надошта, ҳарчанд беш аз ду ҳазорсола вуҷуд дошта бошанд ҳам, танҳо дар шакли гуфтугӯ (шифоҳӣ) истифода мешаванд.

Дар харита дар бораи аз ҷониби киҳо ва дар куҷо истифода шудани забонҳои мавриди нестшавӣ қарордошта маълумот дода мешавад.