Мактаби синамогарони ҷавон-“Навомӯз”-и “Тоҷикфилм” ба номи Муҳаббат Сатторӣ, коргардони шинохтаи тоҷик гузошта шуд. Ӯ ҳафтаи гузашта бар асари беморӣ даргузашт. Дар ин бора Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, ин тасмим бо мақсади абадӣ гардонидани ном ва пос доштани хотираи Муҳаббат Сатторӣ, ки дар замони истиқлол яке аз бонувони серғайрат ва пуртаҷрибаи соҳаи кинои тоҷик махсуб меёфт, рӯи даст гирифта шуд.

“Солиёни зиёде дар соҳаҳои театр, телевизион ва кинои тоҷик фаъолият намуда, дар рушду пешрафти ин соҳаҳо саҳми арзандае гузоштааст”, - гуфтааст “Тоҷикфилм”.

Муҳаббат Сатторӣ яке аз камтарин коргардонҳои синамо ва телевизони тоҷик буд. Ӯ ҳам дар телевизион ва ҳам дар театру синамо кор кардааст.

Ӯ то вопасин лаҳзаҳои ҳаёт дар соҳаи кинои тоҷик фаъолият карда, филмҳои ҳунарии “Пайванди шикаста”, “Падруду пайғом”, “Афсонаи хоб”, “Зарандуд”, “Як ҷаҳон аз ману ту”, “Маро бубахш”, “Рақси зиндагӣ” ва бахшида ба 90-солагии кинои тоҷик филми мустанади “90-соли кинои тоҷик”-ро пешкаши тамошобинону алоқамандони синамои миллӣ намудааст.

Муҳаббат Сатторӣ субҳи 24-уми август дар синни 56-солагӣ дар Душанбе аз олам чашм пӯшид ва дар пойтахт ба хок супорида шуд.

Ӯ Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии кинематографияи тоҷик, Аълочии фарҳанг, Аълочии телевизион ва радио буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.