Тайи чанд соли охир сари вақт накашонидани партовҳои маишӣ дар шаҳри Бохтар ба мушкили ҷиддии шаҳрдори табдил ёфтааст. Ин боиси норозигии сокинон гаштааст. Масъулин мегӯянд, ки қувваи корӣ ва техникаи махсус намерасад.

Соли 2018 ба Корхонаи давлатии фаръии “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар дар доираи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Бохтар”, ки бо маблағгузории “Бонки Аврупоии рушд ва таҷдид” амали шуда буд, 12 адад техникаҳои нави замонавӣ ба маблағи 1 миллиону 229 ҳазор доллари амрикоӣ, дастрас гардид. Аз ҷумла, 5 КАМАЗ-и партовкашон, КАМАЗ-и боркаш, як техникаи борбардор ва базараргардонӣ.

Дар умум, ин лоиҳа 4 миллион доллари амрикоиро ташкил медод, ки 2 миллиони он грант ва 2 миллиони дигар қарз буд. Тибқи шартнома, қарзи мазкур бояд то соли 2028 пурра пардохт гардад.

Аммо ҳоло қарз пурра пардохт нашуда, нисфи техникаи харидоригардида корношоям шудааст.

Алишер Тағоймуродов, сармуҳандиси КФД “Хоҷагии комуналӣ” дар шаҳри Бохтар мегӯяд, айни ҳол 6 техникаи харидашуда кор намекунанд.

“Мутассифона, аз 12 техинкаи харидашуда, 6-тои он кор намекунад. Сабаби корнишоям шудани техника шояд аз истифодаи сузишворӣ ва равғани бесифат бошад. Ман чанд сол пеш аз ин кор рафта будам ва ҳамагӣ чанд моҳ пеш баргаштам. Ҳоло кӯшиш дорем, ки акаллан як мошинро таъмир кунем. Раиси вилояти Хатлон барои таъмир 240 ҳазор сомонӣ ҷудо кардааст”, - афзуд сармуҳандис.

Мақомоти шаҳри Бохтар роҳи ҳалли ин мушкилро дар ҷалби мошинҳои шахсӣ ба кашонидани партов пайдо кардаанд. Мошинҳои боркаши шахсӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб шудааст. Мошинҳое, ки даҳсола ин ҷониб кор мекунанд ва корншоям нашудаанд.

Саволе ба миён меояд, ки чаро мошинҳои шахсии даҳсолаҳо пеш истеҳсолшуда кор мекунанду техникаи нави панҷ сол пеш харидашуда корнишоям мешаванд?

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.