Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар васоити ахбори умуми Аврупо қазияи амали террористӣ дар Норвегия баррасӣ мешавад. Террорист Андерс Брейвик, ки 93 нафарро ба қатл расонид, иқрор шуд, ки дар назди бинои парлумон дар Осло бомба гузошта, иштирокчиёни ҳамоиши ҷавонон дар ҷазираи Утойяро паррондааст, вале то ҳанӯз ҷавобгарии ҷиноиро эътироф намесозад. Дар ин бора хабарнигори The Moscow Post иттилоъ медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки ахири ҳафтаи гузашта бар асари ду амали террористӣ дар Норвегия 93 нафар ба ҳалокат расиданд. Террорист Андерс Брейвик ба содир намудани ин ҷиноятҳо иқрор шуд.
Аммо Брейвик ҷавобгарии ҷиноятиро ба дӯш нагирифта, умедвори афв аст. Ӯ изҳор кардааст, ки баҳри барҳам додани сиёсати муҳоҷирати либералӣ ва ғалаба бар ислом дар ҷомеаи Норвегия инқилоб ба амал оварданӣ будааст. Пеш аз содир намудани амали террористӣ ӯ дар шабакаи Интернет таҳти унвони «Эъломияи истиқлолияти Аврупои соли 2083»-ро дарҷ намуд.
Дар матни эъломия ӯ афкори худро дарҷ карда, дар қатори тадбирҳои меандешида таъсиси ҳаракати ҷавонон дар Норвегияро, ки ба ҳаракати «Наши»-и Русия монанд бошад, пешниҳод кардааст.
Тавре маълум шуд, Брейвик ҳанӯз соли 2010 ба таври қонунӣ аслиҳаву муҳимот харидааст. Ӯ ҳамон замон амали террористиро тарҳрезӣ карда, тавассути бозиҳои компютерӣ ба он омодагӣ мегирифтааст, аммо пулиси Норвегия аз он бехабар мондааст. Айни замон кормандони пулис ҳаммаслакони Брейвикро ҷустуҷӯ доранд.
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста