Дар натиҷаи суқути чархбол дар минтақаи ҷануби Афғонистон 6 тан аз сарбозони Созмони аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ба ҳалокат расиданд, - хабар медиҳад Reuters. Дар бораи шаҳрванди кадом кишвар будани ҳалокшудагон маълумот дода намешавад.
Сабаби садама маълум нест, вале тибқи маълумоти пешакии намояндаи нерӯҳои байнулмилалии эътилофи низомӣ, дар макони ба замин бархӯрдани чархбол аз ҷониби ҷангиён ҳеҷ амали шубҳаоваре ба мушоҳида нарасидааст.
Ҳамчунин дар бораи ба кадом амалиёт машғул будани сарбозони дохили чархбол низ маълумот мавҷуд нест.
Лозим ба ёдоварист, ки моҳи августи соли 2011 бар асари суқути чархбол дар Афғонистон нерӯҳои низомии НАТО талафоти бузург доданд. Он замон дар натиҷаи садама 38 нафар, аз ҷумла 31 нафар сарбозони нерӯҳои таъиноти махсуси ИМА ба ҳалокат расида буданд.
Масъулияти нобуд сохтани чархбол ва ҳалокати низомиёнро ҳаракати «Толибон» ба дӯш гирифт.
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста