Дар Укроин раисҷумҳури пешин Пётр Порошенкоро ба хиёнат ба давлат ва мусоидат ба терроризм гумонбар донистаанд. Алайҳи ӯ бо гумони хариди ангишт аз ҷудоихоҳони рӯ ба Русия дар Донбасс парванда боз кардаанд.
Дар ин бора расонаҳои укроинӣ ва русӣ хабар додаанд. Gazeta.ru бо нақли қавл аз сардори раёсати тафтишотии Хадамоти амнияти Укроин Анатолий Бунич навиштааст, ки Порошенко дар мақоми раёсатҷумҳури аз салоҳиятҳои худ истифода карда, барои қатъи шартномаи воридоти ангишсанг аз Ҷумҳурии Африқои Марказӣ дастур додааст ва бо талаби Русия барои бастани шартномаи ворид кардани ангишт аз манотиқи рӯ ба Русия - Донбасс мусоидат кардааст.
Таҳқиқот алайҳи Порошенко бар асоси моддаҳои кодекси ҷиноии «Сармоягузории терроризма», «Хиёнат ба давлат» ва ҳамчунин «Ташкили созмони террористӣ».
Худи Порошенко дар хориҷ аз Украина қарор дошта, аз эъломи айб тавассути почта огаҳ карда шудааст. Порошенко дар Истанбули Туркия барои мулоқот бо Патриархи Портилимуси Қустантиния (Патриарх Константинопольский Варфоломей) қарор дорад.
Ҷумҳуриҳои худхондаи ҷудоихоҳ дар Украина созмонҳои террористӣ эълом шудаанд. Пештар дар доираи парвандаи хариди ангишт аз ҷудоихоҳон зидди раиси Шӯрои сиёсии Ҳизби "Платформаи мухолифон барои ҳаёт" Виктор Медведчук айби хиёнат ба давлат эълом шуда буд.
Раиси Хадамоти амнияти Украина Иван Баканов 8 октябри соли равон хабар дода буд, ки ин ниҳод эҳтимоли "маслиҳат"-и Медведчук бо Порошенкоро таҳқиқ мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Охири ҳафта борони шадид меборад ва раъду барқ мешавад. Огоҳии КҲФ ба сокинони кишвар
Дар радабандии кишварҳои камбизоат Тоҷикистон дар ҷойи чандум аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста