Арзиши мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон пас аз натиҷаи мусовӣ (0:0) бо дастаи мунтахаби Русия 1,37 млн евро боло рафта, мунтахаби Русия бошад, баръакс 26,55 млн евро поин рафт.

Тибқи маълумоти нави портали Transfermarkt, бо иловаи 1,37 млн евро акнун арзиши умумии мунтахаби Тоҷикистон 6,65 млн евро арзёбӣ мешавад.

Гаронтарин бозигари мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгари марказӣ Парвизҷон Умарбоев мебошад, ки дар тими ЦСКА-1948-и Булғористон ҳунарнамоӣ мекунад ва 750 ҳазор евро арзёбӣ шудааст. Алишер Ҷалилов, футболбози дастаи “АГМК” Ӯзбекистон бо арзиши 700 ҳазор евро зинаи дуюмро ишғол мекунад.

Футболбози дастаи “Сурхон”-и Ӯзбекистон Зоир Ҷӯрабоев 500 ҳазор евро, бозингари “Зоб Оҳан”-и Эрон Эҳсони Панҷшанбе - 450 ҳазор евро ва дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов - 400 ҳазор евро нархгузорӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бозии мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе рӯзи 17 ноябр бо ҳузури 20 ҳазор нафар тамошобинон мусовӣ - 0:0 анҷом ёфт.

Пас аз сафар ба Осиёи Марказӣ мунтахаби Русия ду бозиро бо дастаҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мусовӣ - 0:0 анҷом дода, арзишаш 26,55 млн евро паст шуд. То бозӣ дар Душанбе ва Тошканд арзиши умумии бозигарони тими Русия 138,80 млн евроро ташкил дода, акнун 112,5 млн евро нарх дорад.

Арзиши умумии мунтахаби Ӯзбекистон низ 2,75 млн евро боло рафта, акнун 27,40 млн евроро ташкил медиҳад. Ду ҳафта еш ин нишондиҳанда ба 24,65 млн евро баробар буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.