Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли як барқияи тарикотӣ раисҷумҳури тозаинтихоби Қирғизистон Содир Ҷабборовро барои пирӯзӣ дар интихобот табрик кардааст, хабар медиҳад Хадамоти мабуоти Президенти Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин барқияи табрикотии худ ба Ҷабборов гуфтааст "мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон умед мебандам".
Дар ин барқия ҳамчунин омадааст: "Натиҷаҳои ибрози раъйи мардуми Қирғизистон далели ҷонибдории васеи ҷомеа аз роҳи интихобкардаи Шумо мебошад, ки ба таҳкими суботу ризоият дар кишвар ва рушди устувору шукуфоии он нигаронда шудааст. Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон умед мебандам".
Интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Қирғизистон рӯзи якшанбе доир шуд, ки дар он Содир Ҷабборов, номзаде, ки ҳамагӣ се моҳ пеш аз зиндон раҳо шуда буду иҷрокунандаи вазифаи президенти ин кишвар низ таъин шуда буд, бо наздик ба 80 дар сади раъйи интихобкунандаҳо пирӯз шуд.
5 технологияҳои дастраси офтобӣ, ки арзишашон камтар аз 300 $ аст
Тоҷикистон пешниҳоди Русияро ҷиҳати сохтмони неругоҳи барқи ҳастаӣ меомӯзад
Файзалӣ Идизода кист ва чаро маҳз ӯ раиси парлумон шуд?
9 моҳи таваққуфгоҳҳои музднок: натиҷаҳо ва саволҳои беохир
Дар Тоҷикистон барномаи омодасозии омӯзгорони забони кореягӣ роҳандозӣ шуд
Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳавои Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2025
Манбаъ: Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд боздошт шуд
Ҷузъиёти бештари созишномаи сарҳадӣ ошкор шуд. Тошиев бори дигар ба парлумон рафт ва аз созиши марзӣ гуфт
Шикоят доред? Муроҷиат кунед! Агентии зиддифасод имсол кадом ниҳодҳоро месанҷад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста