Вакилони парлумони Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳангоми сафар ба кишварҳои якдигар метавонанд то 10 рӯзи корӣ бидуни сабти ном гаштугузор намоянд.
Аз ин пештар, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кишварҳои якдигар ҳамагӣ 3 рӯз бидуни сабти ном метавонистанд иқомат кунанд.
Созишнома дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, имрӯз, 30 март дар ҷаласаи навбатии парлумони кишвар ба тасвиб расид.
Муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Саиднахш Раҳмонзода зимни шаҳри созишномаи мазкур дар ҳузури вакилон ҳадафи қабули онро афзоиши сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бинобар сабаби кам будани муҳлати бақайдгирӣ унвон кард.
- Дар банди 3 созишномаи мазкур ворид шуд, ки шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, аз уҳдадории бақайдгирӣ ва қайди муваққатӣ дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи иқомат ба муҳлати 10 рӯзи корӣ аз лаҳзаи гузаштани сарҳади давлатии давлати Тарафи қабулкунанда озод мешаванд,- гуфт Раҳмонзода.
Гуфта мешавад, ки аз ин пештар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ӯзбекистон сафар мекаранд, бояд дар давоми се рӯз худро дар ин кишвар сабти ном мекарданд.
Ёдовар мешавем, ки бо сари қудрати омадани президенти кунунии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев равобитии сард миёни ду кишвар, ки солҳо боз идома дошт, рӯ ба нармӣ овард. Ҳамин тариқ, баъди сафари расмии ӯ ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 муносибат байни ду кишвар пурра тағйир ёфт, махсусан дар масъалаи бо реҷаи раводид ворид шудани шаҳрвандони ду кишвар ба Ӯзбекистгн ва Тоҷикистон.
Моҳи марти соли 2018 ба вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави давлати ҳамсоя бераводид ба муҳлати то 30 рӯз иҷоза доданд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Тоҷикистон кай расман ба World Boxing шомил мешавад ва мақоми «endorsed member» чӣ маъно дорад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста