Мақомоти Қазоқистон омӯзиши якбора се забонро дар синфи 1-ум аз соли нави хониш бекор мекунанд. Дар ин бора бо истинод ба вазири маорифи ин кишвар Асхат Аймагамбетов “Интерфакс” хабар медиҳад.
То ин дам дар мактабҳои таҳсилоти умумии Қазоқистон дар синфҳои якум се забон - қазоқӣ, русӣ ва англисӣ дарс дода мешуд. Омӯзиши забони англисӣ аз синфи якум аз соли 2012 ба роҳ монда шуда буд.
Ба гуфтаи вазир, минбаъд кӯдакон аз синфи якум танҳо забони қазоқиро меомӯзанд, зеро барои омӯзиши забони русӣ ва англисӣ онҳоро дар аввал лозим аст, ки хондану навиштанро бо забони модарӣ ёд гиранд.
Ӯ зикр кардааст, ки барои кӯдакони синфи якум дар як вақт омӯхтани се забон душвор аст.
“Аз синфи дуюм омӯзиши забони русӣ ҳамчун фанни алоҳида оғоз гардида, аз синфи сеюм дар ҳамаи мактабҳо забони англисӣ омӯзонида мешавад”, - гуфтааст Аймагамбетов дар ҷаласаи рӯзи сешанбеи ҳукумат.
Дар ҳамин ҳол, дар барномаи мактабхонҳои синфҳои якуму дуюм, ки бо забони русӣ таҳсил мекунанд, ду фан - забони русӣ ва англисӣ боқӣ монда, дар ин ҷо ҳам омӯзиши забони англисӣ аз синфи сеюм оғоз мегардад.
Моҳи август мақомоти Қазоқистон маълумот бобати дар муддати 6-7 сол бекор кардани синфҳо бо забони русиро рад карданд. Мавод дар ин бора дар барномаи шабакаи телевизиони 31 намоиш дода шуд.
“Ҳам дар синфҳои таҳсилашон бо забони қазоқӣ ва ҳам русӣ, забони русӣ мисли пешина омӯхта мешавад, дар ин самт дигар нақшаҳо нест”, - иброз дошта буд он замон муовини аввали вазири маориф Шолпан Каринова.