Вазорати мудофиаи Қирғизистон эълон кард, ки размоиши низомии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), ки мебоист таҳти унвони "Бародарии шикастнопазир - 2022" аз 10 то 14-уми октябр дар он кишвар баргузор шавад, бекор карда шуд.
Вазорати мудофиа далели бекор шудани баргузории размоиши низомиро нагуфтааст.
Яке аз сабабҳои баргузор нашудани размоиш метавонад низои ахир дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон бошад, ки дар натиҷаи он аз ҳар ду ҷониб даҳҳо кас кушта шуд.
Бархе аз вакилони порлумони Қирғизистон баъди ин ҳодиса талаб карданд, ки артиши Тоҷикистон ба тамринҳои муштарак роҳ дода нашавад.
Собиқ муовини президенти Қирғизистон Феликс Кулов сабаби баргузор нашудани тамринҳои банақшагирифтаро дар суҳбат бо “Ъ” “муносибати сард бо Тоҷикистон” гуфтааст.
“Маълум аст, ки бидуни фармони сарфармондеҳи олӣ, президент Содир Ҷабборов, худи низомиён наметавонистанд ба чунин иқдоми шадид даст зананд. Дар ҷанги навбатии сарҳадӣ, одамон кушта шуданд, хонаҳо вайрон шуданд. Дар чунин шароит баргузор намудани тамринҳо қобили қабул набуд. Ва худи номи "Бародарии шикастнопазир - 2022" ҳадди ақал масхаракунанда садо медиҳад”, - менависад “Ъ”.
Коршиноси дигар Темур Умаров низ омили аслии лағви тамринҳоро муноқишаи Қирғизистон бо Тоҷикистон унвон карда гуфтааст, ки президент Содир Ҷабборов аз ин ҳолат истифода мекунад.
“Баъди ҳаводиси ахир дар ҷомеаи Қирғизистон як тавофуқ ҳосил шуд ва ҳар як иқдоми беэҳтиётонаи мақомот метавонад боиси эътирозҳо гардад. Ҷабборов инро дарк мекунад, илова бар ин, вай кӯшиш мекунад, ки бо истифода аз ин муноқиша бо Тоҷикистон холи сиёсӣ ба даст орад ва маҳбубияти худро дар байни сокинон бештар намояд”, - гуфтааст Темур Умаров, коршиноси Бунёди Карнегӣ “Ъ”.
Гуфтан ба маврид аст, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД аллакай дар Қазоқистон силсилаи тамринҳои худро бо номи "Муомила-2022" ва "Ҷустуҷӯ-2022" анҷом доданд. Он замон гуфта шуд, ки сарбозон, аз ҷумла низомиёни Русия ва Белорус ба Қирғизистон мераванд, аммо ҳоло гуфта мешавад, ки онҳо ба ватани худ бармегарданд.




Кор дар Қатар. 6 ширкати қатарӣ корҷӯёни тоҷикро бо шиму кастюм ва гарданбанд ба суҳбат даъват мекунанд
“Турдиев бояд аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”. Як зодаи Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми куштор ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд
Савдои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2025 қариб 3 баробар афзудааст
КДАМ аз боздошти ду сокини шаҳри Турсунзода бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир хабар дод
Муҳлати шиносоии чеҳраи нафақагирон ба охир расид. Вале то ҳол бақайдгирии онҳо идома дорад
Як шаҳрванди Ӯзбекистон бо иттиҳоми куштори генерали рус ба ҳабси абад маҳкум шуд
Боздошти як зан бо гумони фурӯхтани кӯдаки 8-моҳааш бар ивази 100 ҳазор сомонӣ
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 10
Дар пайи фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ то ҳол баста аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста