Имрӯз, 14-уми январ, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон суҳбати телефонӣ анҷом доданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти ҶТ.
Роҳбарони давлатҳо ба муносибати 30-солагии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамдигарро табрик гуфтаанд.
"Сарони ду давлат натиҷаҳои аз ҷониби кишварҳо тӯли сӣ соли сипаришуда ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар арсаҳо бадастомада, ҳамчунин, таҷрибаи мусбии ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро қайд карданд. Муҳиммияти ҳаллу фасли ҳамаи масъалаҳои мавҷуда дар рӯҳияи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ таъкид гардид",- зикр мешавад дар хабар.
Дар идомаи сӯҳбат "ҷонибҳо аз мавқеъгирии созанда дар ҳалли тамоми масъалаҳо ва фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намудаанд".
Дар хабари нашрнамудаи сомонаи раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин зикр мегардад, ки “тайи замони ахир 100,25 километри хатти гузариши марзи давлатӣ муайян карда шудааст. Ба ин манзур хатти сарҳади то имрӯз мувофиқашуда дар маҷмӯъ 625 километр ё 63 фоизи тӯли умумии онро ташкил медиҳад”.
Ёдовар мешавем, ки муносибати Тоҷикистону Қирғизистон дар чанд соли охир бо сабаби баҳс дар мушаххассозии хати сарҳад ба сардӣ гароид ва соли 2022 ин танишҳо ду маротиба ба задухӯрди мусаллаҳона оварда расонид, ки дар пайи он аз ҳарду ҷониб даҳҳо нафар куштаву садҳои дигар захмӣ шуданд.
Пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи ахир дар моҳи сентябри соли 2022 ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо тезонидани кори комиссияи мушаххассозии хати сарҳади ду кишвар, баҳсҳои мавҷударо бо роҳи мусолиҳатомез ҳаллу фасл менамоянд. Пас аз ин чанд маротиба дар ду кишвар мулоқотҳои намояндагони ҳар ду давлат баргузор шуд, аммо то ҳол ҷонибҳо ба хулосаи ниҳоӣ наомадаанд ва музокирот идома дорад.
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
“Дар умрам дору нахӯрдаам”. Қиссаи зани 120 солае, ки 210 набераву абераву чабера дорад
Раёсати маорифи Душанбе аз волидайн хост, ки кӯдаконашонро ба "идгардак" нафиристанд
Додихудо Шарифзода, собиқ муовини “Авангард” боздошт шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста