Субҳи имрӯз, 18-уми октябр корвони мошинҳои ҳомили кӯмаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз зилзила зарардидаи Ҳироти Афғонистон ба роҳ баромад.
Тибқи иттилои дастрасгардида, корвони мазкур аз 130 мошини боркаш иборат буда, дар умум 3200 тонна кумаки башардӯстонаро ба Афғонистон мерасонад.
Кӯмаки башардӯстона аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзоли зимистона, масолеҳи сохтмонӣ, хайма, рахти хобу рӯйпӯшҳои зимистона, оби нӯшокӣ ва дигар ашёи зарурӣ иборат буда, дар умум 27 номгӯйро ташкил медиҳад.
Аз ҷумла, 200 тонна орд, 50 тонна қанд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 20 тонна ярмаи ҷав, 20 тонна нахӯд, 20 тонна биринҷ фиристода шуд.
Кӯмаки башардӯстона дар пайи заминларзаи 7-уми октябри соли 2023 дар шаҳри Ҳироти Афғонистон фиристода мешавад, ки дар пайи он беш аз 2000 нафар ҷон бохта ва наздики 10 ҳазор нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
СММ мегӯяд, барои эҳёи Афғонистон пас аз заминларза беш аз 93 миллион доллар лозим аст.
Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба талафоти зиёд ва харобиҳои зиёд ба мардуми Афғонистон изҳори ҳамдардӣ карда буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Зиндагии маъмулӣ пас аз зиндон. Маҳбусони собиқ чӣ гуна ба он бармегарданд?
Ғалабаҳои аввалини намояндагони Тоҷикистон дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2024
Президент гуфт, мукофотпулии озмунҳо 100% зиёд шавад. Маблағи озмунҳои ҷумҳуриявӣ чӣ қадар мешавад?
Душанбе чемпионати ҷудои ҷаҳон байни наврасонро пазироӣ мекунад
Қариб 600 нафарро дар Суғд барои ифлос кардани ҳаво ҷазо додаанд
Дар Истаравшан аввалин Фестивали байналмилалии ҳунармандӣ “Озар” мегузарад
Ҳамла бо корд ба муфтии Тоҷикистон дар назди масҷиди марказии Душанбе
Чаро мардон бештар худкушӣ мекунанд?
Хонаҳои нав ба осебдидагони офатҳои табиӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Сангвор ва Нуробод кадом иншоотро ифтитоҳ кард?
Додгоҳ Ботир Қодировро писари Шералӣ Ҷӯраев эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста