Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон дар китоби тозанашри худ “Ҳаёти ман” бори аввал эътироф кардааст, ки ҳамсари дуюм дорад ва аз ӯ соҳиби ду фарзанд ҳам шудааст.
Расонаи Orda.kz менависад, ки китоби нави Нурсултон Назарбоев рӯзҳои наздик ба фурӯш мебарояд ва дар як бахши хоси он раиси ҷумҳури собиқ оид ба зани дуюмаш Асел Исобоева ва ду писараш Тауман ва Байкен маълумот додааст.
Ин расона аз қавли як нафаре, ки китобро аллакай хондааст, ҷузъиёти мулоқот ва оиладоршавии Нурсултон Назарбоевро иқтибос меорад.
Раиси ҷумҳури собиқ дар китобаш навиштааст, ки зимни як сафараш ба шаҳри Толдиқӯрғон дар фурудгоҳ ба ӯ “духтари ниҳоят зебое гул тақдим кардааст” ва ҳамон лаҳза қалби ӯро тасхир кардааст.
“Ман барои муддати тӯлонӣ ӯро дар хотир доштам ва сипас зуд-зуд он чеҳраи фавқулода зебо, нигоҳи оташин ва қомати мавзунро ба ёд меовардам”, - навиштааст Назарбоев.
Ӯ эътироф кардааст, ки бо гузашти чанд муддат симои зебои он духтарро натавонистааст фаромӯш кунад ва иттифоқан ӯро дар рӯзномае дидааст.
“Рӯзномаҳоро мехондам ва акси духтаре дар он дар қалбам шуъла афрохт: Дар Остона озмуни “Соҳибҷамоли Қазоқистон” баргузор шудаву он духтар (номи ӯ Асел будааст) ҷоиза гирифтааст...Акнун пайдо кардани ӯ осон буд”, - менависад Нурсултон Назарбоев.
Ӯ зикр кардааст, ки пас аз шиносоӣ ва мулоқотҳо “дар зоҳиру андешаи Асел хислатҳои зиёдеро дидам, ки дар ҷустуҷӯяш будам. Ва муҳимтар аз ҳама, ман аз танҳоии рӯҳӣ, ки солҳо идома дошт, халос шудам”.
Назарбоев иқрор шудааст, ки бо Асел никоҳи мусулмонӣ бастааст, аммо дақиқ нагуфтааст, ки кай ин воқеа рух додааст. Танҳо зикр намудааст, ки аз зиндагии якҷо бо Асал ду писар - соли 2005 Тауман ва соли 2008 Байкен таваллуд шудаанд.
Ҳамчунин, Нурсултон Назарбоев гуфтааст, ки зани аввалаш Сара, ки аз зиндагии якҷояашон се духтар – Дариға, Динара, Алия доранд, ӯро дарк кардаву бахшидааст.
Овозаҳо дар бораи ҳамсари махфии Нурсултон Назарбоев Асел Қурманбоева (Исобаева) беш аз 20 сол боз дар Қазоқистон паҳн мешаванд. Қурманбоева собиқ раққоса, асосгузор ва роҳбари бадеии театри давлатии Қазоқистон “Остана балет” мебошад. Вай инчунин Бунёди рушди балет ва рақси миллӣ ва Бунёди дастгирӣ ва рушди гимнастикаи бадеии Қазоқистонро боз кардааст.
Номи Асел Қурманбоева дар таҳқиқоти бойгонии Pandora оид ба нақшаҳои оффшорӣ пайдо шуд. Расонаи Meduza навишта буд, ки Қурманбоева аз олигархҳои қазоқ барои саҳмияҳои ширкате, ки ҳеҷ гуна фаъолияти тиҷоратӣ надошт, 30 миллион доллар гирифтааст. Тафтишот ҳамчунин робитаҳои наздики тиҷоратии Қурманбоева бо Фонди Назарбоевро тасдиқ кардааст.