Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон сафири Русия дар шаҳри Тошканд Олег Малгиновро барои суханҳои Захар Прилепин, нависанда ва ҳамраиси ҳизби “Русияи одил - барои ҳақиқат”, ки чанде пеш пешниҳод кард қаламрави Ӯзбекистонро ба Русия ҳамроҳ карда шавад, ба суҳбат даъват кардааст.
Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки “чунин изҳорот ба рӯҳияи равобити дӯстонаи ду кишвар мувофиқат намекунад ва метавонад ба муносибатҳои дӯстонаи таърихӣ байни халқҳои мо таъсири манфӣ расонад”.
Сафири Русия зикр кардааст, ки суханҳои Захар Прилепин “мавқеи расмии роҳбарияти Русияро дар мавриди Ӯзбекистони дӯсту соҳибистиқлол инъикос намекунад”.
Сафир ҳамчунин гуфтааст, ки “дар кишвари ӯ ҳеҷ гоҳ соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Ӯзбекистон зери шубҳа гузошта нашудааст”.
Олег Малгинов зикр кардааст, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия ният дорад дар ояндаи наздик ин ҳодисаро шарҳ диҳад.
Бояд гуфт, чанде пеш Захар Прилепин дар яке аз суханрониҳояш гуфт, мушкили занозании муҳоҷирон дар Русияро мешавад бо роҳи ҳамроҳ кардани қаламравҳои нав, аз ҷумла Ӯзбекистон ба ҳайати кишвараш ҳал кард.
“Агар танҳо дар рӯйи қоғаз намонад...” Қабули барномаи рушди театр то кадом андоза мушкили соҳаро ҳал мекунад?
Дар Тоҷикистон беш аз 3,6 ҳазор кас бе доштани шаҳрвандӣ зиндагӣ доранд
Беҳтарин мактаби олии Тоҷикистон дар зинаи 561-ум дар Осиё қарор дорад
Дастаи Саломат. Рекорди занони пахтачини Суғд
Наҷоти мусофирони автобусе, ки аз Русия ба Тоҷикистон меомад
“Ин саҳна не, ин зиндагист”. Таҷлили Рӯзи театри тоҷик ва 95-солагии Театри Лоҳутӣ дар Душанбе
Роҳу чанд хона хароб шуд. Пайомади боронҳои ду рӯзи гузашта маълум гардид
Ҳушдори пулиси пойтахт: Дар Душанбе чорво нигоҳ надоред!
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ошиқи хатокор”
Дар Душанбе мағозаи брендии HONOR кушода шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста