Вазорати корҳои хориҷаи Ӯзбекистон бо ирсоли як нотаи расмӣ ба Вазорати корҳои хориҷаи Русия аз онҳо хостааст, шахсияти фарде, ки дар Химкии вилояти Маскав як ронандаи таксии узбекро таҳқир кардааст, шиносоӣ карда, алайҳи ӯ чораи қонунӣ андешад. Дар ин бора Аҳрор Бурҳонов, сухангӯи ВКХ Ӯзбекистон хабар дод, менависад Оҷонсии хабарии “Фарғона”.
Ба гуфтаи ӯ, ҷониби Ӯзбекистон иттилооти расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро бодиққат назорат мекунад ва дар сурати ошкор шудани чунин ҳодисаҳо бо ниҳодҳои зирабти кишварҳои дигар ҳамкориро оғоз мекунад.
“Аз ҷумла, дар робита ба ҳодисае, ки дар моҳи август вокунишҳои густурдаи ҷомеаро ба бор оварда буд, тафтишот идома дорад ва дар ин робита ба Вазорати корҳои хориҷии Русия нотаи расмӣ фиристода шуд”, - гуфтааст Бурҳонов.
Вай таъкид кардааст, ки ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Ӯзбекистон, новобаста аз он ки онҳо дар куҷо ҳастанд, афзалияти давлат боқӣ мемонад.
Наворе, ки дар шабкаҳои иҷтимоӣ сару садоҳои зиёдеро ба бор овард, рӯзи 27-уми август дар телеграм-канали "TRT” нашр шуд. Дар навор дида мешавад, ки марди русе ба як ронанда, ки зоҳиран зодаи Осиёи Марказӣ аст, суханони қабеҳ гуфта, ӯро таҳқир мекунад, аз ҷумла, ронандаи таксиро “ғуломи русҳо” мехонад.
Худи ронандаи таксӣ кӯшиш мекунад, оромиро нигоҳ дошта, аз мард талаб мекунад, ки таҳқирро хотима диҳад, вале чун мард хомуш намешавад, ронанда аз назди вай дур мешавад.
Ба гуфтаи шоҳидон, муноқиша аз он сабаб рух додааст, ки такси як муддати кӯтоҳ даромадгоҳи ҳавлиро баста, мунтазири гузаштани мошини партовгоҳ будааст.
Худи ҳамон шом дар телеграм-канали Аҳрор Бурҳонов ёддоште пайдо шуд, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон новобаста аз кишвари истиқоматашон таҳти ҳимояи давлат мебошанд.
"Дар сурати поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои онҳо ба онҳо тавсия дода мешавад, ки ба консулгарии наздиктарин муроҷиат кунанд", - ишора кард ӯ.





Шифобахшу наҷот аз ҷоду ё хурофот? Чаро бархе сокинон ба намози ҷумъа бо зарфи пур аз об мераванд?
Ҳабси 5 фурӯшанда барои боло бурдани нархи гӯшт дар пойтахт
Ҷудокорони Тоҷикистон мавқеи худро дар даҳгонаи беҳтаринҳои ҷаҳон нигоҳ доштанд
СҲШ ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз қаламрави Афғонистонро шадидан маҳкум кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 36
Додгоҳ ҳукми мудири кӯдакистон ва мураббии муттаҳам ба марги кӯдаки дусоларо содир кардааст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 5 декабри соли 2025
“Дору ё хӯрок харам ё либос гирам?”. Оё нафақаи шахсони маъюбиятдошта ниёзҳояшонро бароварда мекунад?
Дар Хуҷанд 15 касро барои партофтани партов дар ҷойҳои мамнӯъ ҷарима кардаанд
Пули 100-сомонии ҷашнӣ соҳиби ҷоиза шуд. Он бо кадом тарҳ омода шуд ва чӣ бартарият дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста