Пули ҷашнии 100 сомонӣ, ки чанде пеш ба муносибати ба муомилот баровардани воҳиди пули миллӣ– “сомонӣ” ба гардиш баромад, дар озмуни байналмилалии “High Security Printing” дар номинаи “Беҳтарин банкнотаи ҷашнӣ дар соли 2025” сазовори ҷоиза гардидааст.

Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон хабар дода навиштааст, ки, ҷоиза дар маросиме, ки 2-юми декабр дар шаҳри Куала Лумпур баргузор шуда, ба Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Сироҷиддин Икромӣ аз дасти чап нафри аввал
аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон

“Мукофоти “High Security Printing” на танҳо эътирофи байналмилалии сатҳи баланди маҳорати тарроҳон ва мутахассисони ватанӣ, балки ҳамзамон нишондиҳандаи талошҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар истифодаи технологияи пешрафта бо омезиши урфу анъана ва арҷгузорӣ ба ниёгон дар истеҳсоли пули миллӣ мебошад”-навиштааст манбаъ.   

Дар ин озмун 44 кишвар иштирок карда, дар байни онҳо дар номинаҳои гуногун воҳиди пулии шаш кишвар соҳиби ҷоиза гаштааст. Дар сомонаи расмии ин озмун дар бораи ҳар як воҳиди пули маълумоти дақиқ пешниҳод гардидааст.

Дар он дар бораи пулии миллӣ-сомонӣ омадааст, ки 100 сомонӣ бо тарҳи “RollingStar® Venus” бароварда шудааст, ки он дорои ду унсури ҳимоявии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Бо тарҳу сохт ва унсурҳои пули 100 сомонии ҷашнии Тоҷикистон дар аксҳо ошно шавед:

1/2

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ин аввалини пули миллӣ аст, ки бо ин тарҳ бо теъдоди муайян  ба муомилот бароварда шуд ва дар қатори дигар пулҳои коғазӣ баробар гардиш менамояд.

Айни замон дар муомилот пулҳои коғазӣ бо арзиши 1 (як), 3 (се), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 50 (панҷ), 100 (сад), 200 (дусад) ва 500 (панҷсад) сомонӣ, инчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як) дирам, 2 (ду), 5 (панҷ), 10 (даҳ), 20 (бист), 25 (бисту панҷ) ва 50 дирам мавҷуданд.

Ҳамчунин тангаҳо бо арзиши 1 (як), 3 (се) ва 5 (панҷ) сомонӣ мавҷуданд.

Дар бораи таърихи пули миллии кишвар ва воҳидҳои пулие, ки пеш аз даст ёфтан ба соҳибистиқлолӣ дар қаламрави кишвар истифода мешуданд, дар матлаби мо бо номи "Аз рубли шӯравӣ то “Сомонӣ”. Дар сад соли Тоҷикистон кадом воҳидҳои пулӣ истифода шудаанд?" хонед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.