Масъалаи таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Қирғизистон, бахусус дар қитъаи Ворух - Оқ-Сой ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст, ки аксар вақт муносибатҳои кишварҳои дӯсту бародари тоҷику қирғизро зери савол мегузорад.
Хати гузариши сарҳад дар ин қитъа бо зербинои таъминот бо об ва роҳҳои мавҷуда ё тарҳрезишуда барои сохтмони он зич пайваст аст.
Ба ақидаи сиёсатшиноси тоҷик Абдуғанӣ Мамадазимов, ин ҷо ҳалли оддии як масъала - мушкилоти замин вуҷуд надошта, ҳалли якбора се масъала - сарҳад, роҳи мошингард ва зербинои таъминот бо об зарур аст.
“Як кишвар бояд аз қитъаи замин барои роҳи кӯҳна ё нави мошингард гузашт карда, кишвари ҳамсоя низ ба ҳамин андоза қитъаи заминро дар дигар ҷой барои роҳи мошинӣ ё истифодаи қитъаи замин ҷуброн созад”, - чунин мешуморад сиёсатшинос.
Ҳамчунин, бино ба гуфтаи ӯ, ҳарду ҷониб бояд дар бораи квотаи зербинои таъминот бо об дар маҳаллаҳои аҳолинишини марз ба созиш расанд.
“На як маротиба, балки гузашти маҷмӯавии дуҷониба ва созиши ниҳоӣ, тавре ба назари мо менамояд, танҳо ба иродаи сиёсии сарони кишварҳои дӯсту бародар вобаста аст, ки метавонад ин мушкилоти тӯлониро ҳал кунад”, - мутмаин аст Мамадазимов.
Ӯ қайд кард, ки “баҳси ҷонибҳо сари харитаҳо” чизеро возеҳу аён насохтанд ва мавқеи ҷонибҳоро ба ҳам наздик накарданд, аз ин рӯ, муътақид аст сиёсатшинос, ин ҷо тарзи корбарии ғайримеъёрии боирода ва созанда лозим аст.
“Робитаи мустақими заминии ҷамоати Ворух бо шаҳри Исфара барои Тоҷикистон масъалаи афзалиятнок аст”, - таъкид сохт коршинос.
Роҳи ҳал вуҷуд дорад
Абдуғанӣ Мамадазимов чор варианти ҳалли мушкилро пешниҳод мекунад:
1. Ба ҳамсояикшвар додани қитъаи замин (дар дигар ҷойи ноҳия), то ки аз роҳи автомобилгард бо ҷамоати Ворух ба ҳамин андоза қитъаи замин гирифта шавад;
2. Аз кишвари ҳамсоя ба иҷораи дарозмуҳлат гирифтани қитъаи замин, ки аз он ҷо роҳи мавҷуда мегузарад ё бо ҷамоат роҳи нав сохта мешавад;
3. Ба расмият даровардани Созишномаи байнидавлатӣ дар бораи истифодаи муштараки роҳҳои мошингарди Исфара - Ворух ва Ботканд - Лайлак ва ба онҳо додани мақоми байнулмилалӣ;
4. Сохтмони ду нақб барои роҳҳои автомобилгарди Исфара - Ворух ва Ботканд - Лайлак дар қитъаҳои наздисарҳадӣ, ки бо гузашти вақт роҳҳои мошингарди мавҷударо иваз намуда, ба баҳсҳо пурра хотима мебахшанд.
Сиёсатшинос мутмаин аст, ки вазъи ҷойдошта дар қитъаи зикршудаи сарҳад дахолати фавриро тақозо мекунад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Рӯзи омӯзгорон. Сокинон дар бораи муаллими худ чӣ мегӯянд?
Адабиёт, мактаб ва расонаву филмҳо. Чӣ гуна забони меъёри тоҷикиро оммавӣ кунем?
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста