Иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба оқибатҳои манфии ҷанг дар Украина тобовар будани худро исбот карданд. Чунин устуворӣ аз куҷост ва ояндаи наздик онҳо чиро интизоранд?

Устувории ғайричашмдошт

Таҳлилгарони Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) эътироф мекунанд, ки таназзул дар Русия ба коҳиши пешбинишудаи рушди иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ боис нагардид.

"Баръакс, аксари кишварҳои минтақа ба далели таъсири берунаи ғайричашмдошт, такони назарраси рушдро эҳсос карданд”, - гуфта мешавад дар гузориши Хазина таҳти унвони “Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ”.

"Таъсири мусбати беруна", пеш аз ҳама, "ба пастшавии аз пешбинишуда камтари рушди иқтисоди Русия" вобаста аст.

Илова бар ин, нашрия менависад, афзоиши босуръати интиқоли пул аз Русия ва вуруди муҳоҷирони рус (кӯчидан) бахши хидматрасонии аксари кишварҳои минтақаро дастгирӣ кард.

Гузашта аз ин, ба гуфтаи иқтисоддонҳои Хазина, “мутобиқ шудан ба тағйирот дар роҳҳои тиҷоратӣ ва дигар мушкилоти логистикӣ аз замони оғози ҷанг дар Украина”, ба афзоиши савдои дуҷонибаи бархе аз кишварҳои минтақа (Тоҷикистон ва Ӯзбекистон) бо Русия боис гардид.

Иқтисодчиёни Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) дар гузориши худ зикр мекунанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ “ба рӯйдодҳои номусоиди геополитикии марбут ба ҷанги Русия алайҳи Украина устуворӣ нишон доданд. Аксари иқтисодҳои минтақа бо интиқоли маҳсулоти худ ба холигоҳе, ки дар натиҷаи хуруҷи ширкатҳои байналмилалӣ аз бозори Русия ба вуҷуд омадааст, тиҷорат бо Русияро тақвият бахшиданд.

Онҳо пешгӯии рушди иқтисодии кишварҳои минтақаро барои соли 2023 аз 5,0%-и қаблӣ то 5,2% боло бурданд. Дар соли 2024, ба гуфтаи мутахассисони БАТР, "ба туфайли кӯчонидани корхонаҳо ва шахсони воқеӣ аз Русия, идоракунии беҳтар, афзоиши содирот ва "боз шудан"-и Чин пас аз пандемия, суръати рушд (то 5,4%) идома хоҳад ёфт".

Қазоқистон

Тибқи арзёбии коршиносони ХБА, таъсири манфии беруна ба бузургтарин иқтисоди минтақа – Қазоқистон имкон медиҳад, ки “тадбирҳои ҳукумат барои дастгирии иқтисод ва ҳамчунин тавсеаи иқтидори истеҳсолӣ безарар гардонида шавад”.

Онҳо интизор доранд, ки рушди иқтисоди кишвар то охири сол аз 3,2 дарсади соли гузашта ба 4,2 дарсад мерасад.

Рушди иқтисодро дар ҳамин сатҳ (4,2%) таҳлилгарони Бонки авруосиёии рушд (БАОР) низ пешбинӣ мекунанд. "Омили калидии таҳкими рушди иқтисодӣ ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар кони нафти Тенгиз хоҳад буд", - гуфта мешавад дар гузориши “Пешгӯии макроиқтисодии БАОР барои соли 2023”.

Кони нафту гази Тенгиз аз лиҳози захираи нафт дар Қазоқистон (пас аз кони Қошагон) ҷои дуюмро ишғол мекунад. Захираҳои истихроҷшавандаи кон 1,1 миллиард тонна нафт ва захираи гази муштарак 1,8 триллион метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ба коркарди кон азхудкунандагони кони нафти Тенгиз машғуланд. Имрӯз аллакай чор ширкат ҶС ШН «Казмунайгаз» (20%), Chevron Overseas (50%), Exxon Mobil (25%) ва LukArco (5%) шарикон мебошанд.

Муаллифони нашрия зикр мекунанд, ки пурра ба кор андохтани иқтидорҳои навшудаи ин кон дар соли 2024,  ба рушди иқтисодӣ (то 4,4%) замина хоҳад гузошт.

Қазоқистон аз лиҳози захираҳои гази табиӣ дар ҷаҳон зинаи 16-умро ишғол мекунад
Сурат аз торнамои kapital.kz

Онҳо инчунин интизори афзоиши иқтидори рушд дар саноати коркард ва бахши хидматрасонӣ тавассути диверсификатсияи иқтисод, табдили бозори меҳнат ва рушди бахши хусусӣ мебошанд.

Тибқи пешгӯиҳои нави БАТР, дар соли 2023 иқтисоди Қазоқистон 3,9% рушд кардааст. Қаблан, дар моҳи феврали соли ҷорӣ 3,5% пешбинӣ шуда буд. Ва дар соли 2024, афзоиш ба гуфтаи таҳлилгарони БАТР, 4,2% хоҳад буд.

Ин хушбинӣ ба нафъ аз интиқоли ширкатҳои хориҷӣ, сармоягузорӣ ба навъҳои нави фаъолияти марбут ба хуруҷи ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ аз Русия, инчунин диверсификатсия (гуногунсамт кардан)-и роҳҳои интиқоли нафту газ асоснок карда мешавад.

Бонки Ҷаҳонӣ (БҶ) суръатбахшии мӯътадили рушди иқтисоди Қазоқистонро пешбинӣ мекунад - то 3,5% дар соли 2023 ва 4% дар соли 2024.

Дар гузориши БҶ гуфта мешавад, ки ба ин асосан бахши нафту газ (карбогидрид) бо сатҳи афзояндаи истихроҷи нафт мусоидат хоҳад кард.

Иқтисодчиёни ин ниҳод бар ин назаранд, ки ояндаи наздик дар шароити афзоиши хавфҳои геополитикӣ, диверсификатсияи хатсайрҳои тиҷоратӣ ва логистикӣ ва рушди ҳалқаҳои алтернативӣ дар занҷири таъминот барои иқтисоди Қазоқистон аҳамияти ҳалкунанда хоҳад дошт.

Қазоқистон дар ҳоли ҳозир барои таъсиси масирҳои муҳими логистикӣ рӯйи ба истилоҳ “Долони миёна” фаъолона кор бурда истодааст. Долони миёна ё худ хатсайри Транс-Хазар аз Осиёи Марказӣ тавассути баҳри Хазар ба Озарбойҷон ва сипас ё ба бандари Потии Гурҷистон ё ба Туркия бо масири Боку-Тифлис-Карс (БТК) мегузарад ва ба ин васила қаламрави Русияро убур намекунад.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Қазоқистон то охири сол афзоишро дар сатҳи 4% интизоранд. Соли 2022, тибқи маълумоти расмӣ, иқтисоди кишвар 3,2 фоиз рушд карда, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 190 млрд долларро ташкил дод.

Иқтисодиёти Қазоқистон ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (маъдан) ва кишоварзӣ асос ёфтааст.

Кишвар аз рӯи захираҳои тасдиқшудаи нафт дар ҷаҳон дар ҷои 12-ум ва аз рӯи захираҳои гази табиӣ (30 миллиард баррел нафт ва 2,3 триллион метри мукааб газ) дар ҷои 16-ум қарор дорад, яке аз калонтарин истихроҷкунандагони ангишт аст ва аз лиҳози истихроҷи уран дар ҷаҳон зинаи якумро ишғол мекунад.

Дар ин кишвар 60 элементи ҷадвали даврии Менделеев истихроҷ карда мешавад.
Сурат: eldala.kz
Қазоқистон ба даҳгонаи аввали содиркунандагони гандум шомил буда, ҳамаи кишварҳои ҳамсояро бо зироати ғалладона таъмин мекунад

Қазоқистон ба даҳгонаи бузургтарин содиркунандагони гандум дар ҷаҳон шомил буда, ҳамаи кишварҳои ҳамсояро бо зироати ғалладона таъмин мекунад.

Аз миёнаҳои солҳои 2000-ум Чин макони рақами яки содироти Қазоқистон буда, аммо Қазоқистон бештари моли худро аз Русия мехарад ва ҳамзамон равобити хуб бо Амрикоро нигоҳ медорад.

Ӯзбекистон

Мақомоти Ӯзбекистон иддао доранд, ки иқтисоди кишвар дар соли 2022 ба хатару таҳдидҳои беруна устуворӣ нишон додааст.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, рушди иқтисод соли гузашта 5,7%-ро ташкил дод. Ҳаҷми ММД бо ифодаи номиналӣ 80,4 млрд долларро ташкил дод (дар соли 2021 – 69,6 млрд доллар).

Афзоиши соли гузашта асосан аз ҳисоби бахши кишоварзӣ, саноат, сохтмон ва соҳаи хидматрасонӣ таъмин шуд.

Тибқи арзёбиҳои созмонҳои байналмилалӣ, рушди устувори иқтисоди Ӯзбекистон дар соли ҷорӣ ва соли оянда низ идома хоҳад ёфт.

Моҳи апрели соли равон ХБА пешгӯии рушди иқтисоди Ӯзбекистонро барои соли ҷорӣ беҳтар кард - аз 4,7 дарсади қаблӣ то 5,3%.

Дар соли 2024 афзоиши 5,5% дар назар аст.

Пахта дар сохтори содироти Ӯзбекистон нақши муҳим дорад
Сурат аз торнамои Qalampir.uz

Дар гузориши ахири Хазина, чунин интизориҳо бо роҳандозии равобити наздиктари тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Русия ба далели таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия, афзоиши вуруди муҳоҷирон аз Русия, интиқоли пул ва ғайра шарҳ дода мешавад.

БАТР инчунин пешгӯии рушди иқтисоди Ӯзбекистонро дар солҳои 2023 ва 2024 то 6,5 фоиз боло бурд. "Ин аз ҳисоби истифодаи захираҳои беруна ва молиявӣ, дастгирии сатҳи ками қарзи давлатӣ ва рушди баланди иқтисод ба даст хоҳад омад", - гуфта мешавад дар гузориши нави ин ниҳод.

Илова бар ин, иқтисодчиёни БАТР идомаи кӯчонидани ширкатҳои хориҷӣ, амалисозии муваффақонаи барномаи хусусигардонӣ ва ислоҳоти фазои тиҷоратро интизоранд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки дар сурати идомаи амалиёти низомии Русия алайҳи Украина ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон, ин метавонад ба пешгӯиҳо таъсири манфӣ расонад.

Бонки марказии Ӯзбекистон ду сенарияи рушди иқтисоди кишварро дар солҳои 2023-2025 тасдиқ намуд - асосӣ (шароити бо эҳтимоли зиёди пайдо шудан ё мавҷуд набудани таъсирҳои ногаҳонии беруна) ва алтернативӣ (бо назардошти имкони афзоиши босуръати хавфҳои беруна ва ба таъхир гузоштани ислоҳот).

Рушди иқтисоди кишвар аз рӯи сенарияи асосӣ аз 4,5-5% дар соли 2023 то 6-6,5% дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

Тибқи сенарияи аввал, сарфи назар аз тағйири вазъ дар ҷаҳон ва дохили кишвар, тамоюли мусбати афзоиш идома хоҳад ёфт.

"Мушкилии вазъи геополитикӣ, тамоюли поинравии нархҳо дар бозорҳои сӯзишворӣ ва ашёи хом шароити беруниро муайян мекунад, дар ҳоле ки шароити дохилӣ бештар ба идомаи ислоҳоти сохторӣ, коҳиши нақши давлат дар иқтисод ва фаъолмандии бахши хусусӣ вобаста аст”, - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.

Тибқи сенарияи алтернативӣ, рушди иқтисод дар соли 2023 аз 3-3,5 фоиз то 4-5 фоиз дар соли 2025 пешбинӣ шудааст.

"Агар шартҳои сенарияи алтернативӣ амалӣ шаванд, соли 2023 суръати афзоиши сармоягузориҳои мустақим ба кишвари мо мушоҳида намешавад ва ҳаҷми онҳо ба нишондодҳои соли 2022 наздик хоҳад шуд", - чунин мешуморанд мутахассисони Бонки марказии Ӯзбекистон.

Ҳамчунин, "таҳти таъсири таназзули ҷаҳонӣ", поин рафтани қимати тилло ва коҳиши интиқоли пули муҳоҷирон дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон аз рӯи захираи умумии тилло дар ҷаҳон дар ҷои 4-ум ва аз рӯи истихроҷи тилло дар ҷои 7-ум қарор дошта, яке аз кишварҳоест, ки аз Русия ба он маблағҳои зиёд интиқол дода мешаванд.

Тибқи маълумоти расмӣ, солҳои охир дар рушди иқтисоди Ӯзбекистон соҳибкории хурду миёна, ки дар онҳо беш аз 70%-и қувваи корӣ бо шуғл таъминанд, нақши арзанда дошт.

Ин соҳа зиёда аз нисфи ҳиссаи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро таъмин мекунад.

Сурат: advantour.com

Қирғизистон

Ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ Қирғизистонро ба сафи кишварҳои бешар камбизоат дар  паҳнои пасошӯравӣ шомил кардаанд. Аммо муҳити нисбатан ҷолиби сармоягузорӣ ва фазои мусоиди соҳибкорӣ, ба рушди динамикӣ ва муҳимтар аз ҳама, самараноки иқтисоди ин кишвар имкон фароҳам меорад.

Рушди иқтисод дар соли 2022 тибқи маълумоти расмӣ, 7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми ММД ба 10,5 млрд доллар расид. Дар бахши саноат тамоюли мусбат мушоҳида шуда, рушди он 11,4 фоиз, сохтмон - 8 фоиз, савдо - 7,5 фоиз ва бахши кишоварзӣ - 7,3%-ро ташкил дод.

Ҳукумати кишвар то охири соли ҷорӣ афзоишро дар сатҳи 4,5% интизорӣ дорад.

Сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров охири моҳи март дар ҷаласаи Девони вазирон изҳор дошт, ки ХБА дурнамои рушди иқтисоди Қирғизистонро аз 3,2% то 3,5% дар соли 2023 ва то 3,8% дар соли 2024 бознигарӣ кардааст..

«Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин пешгӯии иқтисоди ватаниро беҳтар кардааст (барои соли 2023 афзоиш ба ҷои 3,4 фоизи қаблӣ 3,5 фоиз ва дар соли 2024 афзоиш 4 фоиз пешбинӣ шудааст», - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарони БАОР афзоиши имсолро тақрибан дар ҳамон сатҳ - 3,5% интизоранд, ки асосан ба "фаъолмандӣ дар бахши истихроҷи тилло" ва болоравии суръати афзоиш то 4,2% дар соли 2024 рабт дода мешавад.

«Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи хидматрасонӣ метавонад аз ҳисоби афзоиши талабот аз ҷониби ғайрирезидентҳо афзоиш ёбад, ки дар навбати худ, таҷдиди самтҳои сайёҳӣ хоҳад буд. Бар ин назарем, ки аз ҳисоби баста шудани як қатор дигар самтҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия, шумораи сайёҳон аз Русия ба Қирғизистон меафзояд.

Бо мутобиқшавии кишварҳои минтақа ба шароити нав, содирот ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО, ЕАЭС) афзоиш ва равандҳои ҳамгироӣ тақвият меёбанд. Сармоягузориҳо маҳдуд боқӣ хоҳанд монд", - зикр мешавад дар гузориши макроиқтисодии БАОР.

Интизориҳои иқтисодчиёнии БАТР хушбинтаранд: дар гузориши минтақавии  рӯзи 15 май нашршуда онҳо афзоиши воқеии ММД-и Қирғизистонро дар соли 2023 - 7% ва соли оянда - 7,2% пешбинӣ мекунанд.

Онҳо талабот ба қувваи корӣ дар Русия, вуруди сармоя ва мутахассисони баландихтисос аз Русия ба Қирғизистон, инчунин афзоиши назарраси савдои миёнаравӣ (содироти дубора, реэкспорт)-ро омилҳои калидии мусоидат ба рушд мешуморанд.

"Бо вуҷуди ин, омилҳои осебпазирии марбут ба сангинтар шудани шароити қарз ва вобастагӣ аз интиқоли пул аз Русия боқӣ мемонанд", - хулоса мекунанд коршиносони БАТР.

Туркманистон

Ба гуфтаи коршиносони маҳаллӣ,  дар солҳои истиқлолият Туркманистон аз як кишвари аграрӣ ба як кишвари рушдёфтаи саноатӣ табдил ёфт. Агар дар марҳилаи аввал ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ММД беш аз 40 фоиз ва саноат - 17 фоизро ташкил медод, пас айни замон ин рақамҳо мутаносибан 27 фоиз ва 12 фоизро ташкил медиҳанд.

Саноати газро соҳаи стратегӣ меноманд ва инчунин соҳаҳое аз қабили саноати электроэнергетика, саноати нафт, мошинсозӣ, металлургия, саноати кимиё, сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.

Туркманистон аз рӯи захираҳои собитшудаи гази табиӣ дар ҷаҳон дар ҷои 4-ум (пас аз Русия, Эрон ва Қатар) ва аз рӯи истихроҷи феълӣ (ҳозира) дар ҷои 10-ум қарор дорад.

Тибқи маълумоти расмӣ, рушди воқеии иқтисод дар соли 2022 - 6,2 фоизро ташкил дода, ММД ба беш аз 74 миллиард доллар расид.

Мақомоти Туркманистон ба тақвияти имконоти содиротии маҷмааи нафту газ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд
Сурат аз торнамои centralasia.news

Мақомоти Туркманистон ба тавсеаи иқтидори содиротии маҷмааи нафту газ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд.

Мақомоти кишвар иддао доранд, ки «Туркманистон давлати бемайлон рушдкунанда бо соҳаи рушдёфтаи саноат ва нақлиёт, бахши агросаноатии мунтазам дар ҳоли рушд мебошад. Иқтисоди кишвар бо суръати бемайлони баланд рушд карда, муваффақона ба фазои иқтисоди ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҳамгиро мешавад».

Бонки осиёии рушд (БОР) афзоиши баландтарин дар миёни кишварҳои минтақаро дар соли 2023 барои иқтисоди Туркманистон - 6,5% пешбинӣ кардааст.

Барои муқоиса, дар Қазоқистон иқтисодчиёни БОР афзоиши 3,2%, Қирғизистон – 4,5%, Тоҷикистон – 5,5% ва Ӯзбекистон - 5%-ро интизоранд.

Ин ба афзоиши истеҳсол ва содироти маводи сӯзишворӣ марбут аст. Гуфта мешавад, ки Туркманистон ба Чин, Русия, Озарбойҷон ва Ӯзбекистон газ интиқол медиҳад.

БАТР рушди иқтисоди Туркманистонро дар ҳамин сатҳ – дар соли 2023 - 6,5 фоиз ва соли оянда - 7 фоиз пешбинӣ кардааст.

"Мақомоти Туркманистон дар бораи сатҳи 6,2%-и рушди иқтисод дар соли 2022 ва дар семоҳаи аввали соли 2023 аз ҳисоби афзоиши бештар аз нақшаи истеҳсол ва содироти гази табиӣ гузориш медиҳанд", - зикр мешавад дар гузориши минтақавии ин ниҳод.

Пешгӯиҳои ХБА маҳдудтаранд: афзоиши ММД дар Туркманистон дар бахши нафт дар соли 2023 -  2,9% ва дар бахши нафт - 2,2% пешбинӣ шудааст, омадааст дар гузориши ахири Хазина.

Тоҷикистон

Миёни кишварҳои минтақа иқтисоди Тоҷикистон дар соли гузашта рушди нисбатан баландтар - 8%-ро нишон дод. Ҳаҷми ММД ба ҳудуди 116 млрд сомонӣ (11,4 миллиард доллар) расид.

Мақомот ин комёбиро мисли солҳои гузашта пеш аз ҳама, бо афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноати ва кишоварзӣ асоснок мекунанд.

Ба назари бархе аз коршиносони мустақил, иқтисоди ҷумҳурӣ ба бахши истеъмолӣ такя мекунад, ки бахши аъзами гардиши он аз ҳисоби интиқоли пули муҳоҷирони корӣ сурат гирифта, ҳаҷми он дар солҳои гуногун аз чоряк то нисфи ММД-ро ташкил медод.

Мутахассисони БАОР низ чунин ақида доранд, ки интиқоли пул дар баробари динамикаи мусбати содирот ба омилҳои асосии афзоиши соли гузашта марбут аст.

Мақомот то охири соли ҷорӣ афзоишро дар сатҳи соли гузашта интизорӣ доранд.

Бо ин мақсад роҳбарияти кишвар дастур додааст, ки “ба рушди устувори иқтисоди миллӣ, пешгирии таъсири хатарҳои эҳтимолӣ ба он, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ ва тавсеаи содирот таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад».

Пешгӯиҳои ахири нашршудаи БАТР низ тақрибан дар ҳамин сатҳ қарор доранд:

“Ба туфайли таварруми нисбатан паст, талаботи Русия ба неруи корӣ аз Тоҷикистон, боз шудани марзҳои Чин ва рушди зерсохтори энергетикӣ ва нақлиётӣ, рушди ММД ҳам дар солҳои 2023 ва ҳам дар соли 2024 ба 7,5% хоҳад расид”.

Хавфҳое, ки метавонанд ба ин интизориҳо таъсири манфӣ расонанд, ба бад шудани шароити беруна (вазъият дар Афғонистони ҳамсоя ва муноқишаи мусаллаҳона байни Русия ва Украина) алоқаманданд.

Тибқи пешгӯии БАОР, дар соли ҷорӣ рушди ММД-и Тоҷикистон 6,5%-ро ташкил хоҳад дод.

"Коҳиш дар муқоиса бо 8,0% дар соли 2022, ба далели анҷоми барқароршавии пас аз пандемия дар фаъолияти иқтисодӣ ва ҳамчунин коҳиши ҳаҷми интиқоли пул ба Тоҷикистон дар муқоиса бо соли 2022 дар назар аст", — гуфта мешавад дар шарҳи моҳи апрели БАОР.

Дар ҳамин ҳол, интизориҳои ХБА мӯътадилтаранд - афзоиши 5% дар соли 2023, "зеро таъсири мусбати воридоти зиёд (интиқоли пул) дар соли ҷорӣ метавонад коҳиш ёбад".

Намояндагони Хазина аз рӯи натиҷаҳои сафари ахири худ гуфтанд, ки дар мавриди дурнамои наздик номуайянии назаррас боқӣ мемонад.

"Ҳарчанд оқибатҳои манфии ҷанг (байни Русия ва Украина) то ҳол зоҳир нашудаанд, аммо маълум нест, ки Тоҷикистон то куҷо аз заъфи фаъолияти иқтисодӣ дар Русия эмин хоҳад монд", - таъкид мешавад дар изҳорот.

Дар гузориши ахири Бонки Ҷаҳонӣ барои соли 2023 афзоиши 5% ва дар ду соли оянда - 4% пешбинӣ шудааст.

Хатҳои интиқоли барқ дар Тоҷикистон
Сурат: ca-times.org

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки модели рушд ба истихроҷ ва содироти захираҳои табиӣ, инчунин интиқоли назарраси пул аз муҳоҷирон машғули кор асосан дар Русия асос ёфтааст.

"Ин модел осебпазирии хоси худро дорад, ки ба вобастагии зиёд аз даромади муҳоҷирони корӣ аз як кишвар, заминаи маҳдуди тавлиди дохилӣ ва ҳаҷми содиротие, ки диверсификатсия (гуногунсамт) карда нашудааст, алоқаманд аст", - хулоса мекунанд онҳо.

Мақомоти кишвар ба пешрафти минбаъдаи иқтисод, пеш аз ҳама, аз ҳисоби рушди соҳаҳои ояндадор, аз ҷумла гидроэнергетика, истихроҷи маъдан (саноати кӯҳкорӣ) ва сайёҳӣ умедворанд.

Кишвар дорои иқтидори истеҳсоли 527 миллиард киловатт-соат неруи барқ дар як сол мебошад, ки дар соли 2022 танҳо тақрибан 4% (21 миллиард киловатт-соат)-и он истифода шудааст.

Маблағи истихроҷи маъдан дар соли гузашта ҳудуди 8,9 миллиард сомонӣ (873 миллион доллар) ва вуруди сайёҳони хориҷӣ ҳудуди 1 миллион нафар бо афзоиши 3,4 баробарро ташкил додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.