Душанбе. 1-уми феврал - Ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов субҳи имрӯз дар синни 63-солагӣ бар асари сактаи дил дар шаҳри Душанбе оламро падруд гуфт.
Даргузашти қаҳрамони ҷаҳон дар олами варзиш талафоти бузурге барои мардуми Тоҷикистон аст.
Саидмӯъмин Раҳимов моҳи сентябри соли 1975 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар шаҳри Мински Беларус дар рақобатҳо дар вазни 100 кило бар ҳамаи рақибонаш пирӯз шуда, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон сарфароз шудааст.
Воқеъан то имрӯз дар риштаи самбо касе ба пояи Саидмӯъмин Раҳимов нарасидааст. Вай ҳамчунин қаҳрамони дукаратаи самбои Иттиҳоди Шӯравӣ (солҳои 1973-1975) мебошад. Ӯ дар навъҳои гуштии миллӣ, самбо, гуштии озод ва дзюдо низ борҳо қаҳрамони Тоҷикистон гаштааст. Саидмӯъмин Раҳимов ҳамчун сармураббии собиқи дастаҳои мунтахаби гуштии самбо ва дзюдои Тоҷикистон дар тарбияи шогирдон хизмати арзанда кардааст.
Ӯ солҳои 1995-2004 дар вазифаи раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт. Вай то моҳи декабри соли 2008 раиси Федератсияи гуштии дзюдои Тоҷикистон буд.
Тавре президенти Ассотсиятсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов иттилоъ дод, фардо 14-уми феврал, соати 10-у 30 дақиқа, дар маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе маросими видоъ бо ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов ва ҷанозаи ӯ баргузор мешавад. Сипас бо васияти марҳум ҷасади ӯ дар зодгоҳаш - деҳаи Ҷорӯбқули ноҳияи Темурмалик - ба хок супурда хоҳад шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.



Ҳалокати 67 рӯзноманигор тайи 1 сол дар ҷаҳон: RSF мақомотро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
“Google” ва “Apple” ба корбарони худ дар Тоҷикистон дар бораи ҳамлаҳои сайберӣ ҳушдор додаанд
Идомаи “шикори хлопушка”. Боз ду нафарро бо гумони фурӯши маводи тарфгарӣ боздошт кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста