Муштзанҳои тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон байни ҷавонон дар София дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо ва роҳхатҳо ба Олимпиадаи дувуми наврасон маҳрум шуданд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар рӯзи аввали мусобиқа, 14-уми апрел, Умед Ёқубов дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг дар нахустин қувваозмоияш аз Павел Фёдорови русиягӣ бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрда буд.
Нурмуҳаммади Ашӯралӣ, ки 15-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 56 кг бар Аҳмад Алтинас аз Швейтсария бо ҳисоби 2-1 ғалаба карда буд, дар даври баъдӣ 18-уми апрел аз Тамма Салим аз Алҷазоир бо ҳисоби 1-2 мағлуб гашт.
Шаббос Неъматуллоев, ки 16-уми апрел дар даври аввал дар вазни то 69 кг бар Ракан Нассар аз Урдун бо ҳисоби 3-0 ғолиб омада буд, дар даври баъдӣ 19-уми апрел аз Ҷавиер Эстрада аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.
Меҳрубон Сангинов, ки дар даври аввал дар вазни то 75 кг бар Аҳмад Ал-Маҳдавӣ аз Ироқ бо ҳисоби 2-1 дастболо шуд, дар даври баъдӣ 20-уми апрел аз Козимбек Мардонов аз Ӯзбакистон бо ҳисоби 0-3 ноком шуд.
Меҳроб Иброҳимов, ки нахустин қувваозмоияшро дар вазни то 81 кг 19-уми апрел бо Милос Велетик аз Босния ва Ҳерсеговин бо пирӯзӣ бо ҳисоби 3-0 анҷом дод, дар даври дувум аз Виддал Рилей аз Бритониёи Кабир бо ҳисоби 0-3 шикаст хӯрд.
Далерҷон Сулаймонов17-уми апрел дар рақобатҳо дар вазни беш аз 91 кг дар даври аввал аз Елдос Қодирбоев аз Қазоқистон бо ҳисоби 0-3 мағлуб гашт.
Ба ин тартиб, ҳамаи шаш муштзани ҷавони тоҷик, ки ба ҳайати мунтахаби кишвар дохил буданд, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки дар пойтахти Булғористон то рӯзи 24-уми апрел идома меёбад, теъдоди рекордии варзишгарон - 606 нафар (506 писар ва 100 духтар) аз 105 кишвар ширкат доранд. Ин охирин мусобиқаи интихобӣ барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои дувуми олимпии наврасон-2014 дар Нанҷинги Чин мебошад. Ғолибону ҷоизадорон, инчунин онҳое, ки ҷойҳои чорум ва панҷумро мегиранд, соҳибони роҳхатҳо ба Олимпиадаи наврасон мешаванд.




“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Дар як сол 67 рӯзноманигор кушта шудаанд. "Рӯзноманигорони бидуни марз" ҳукуматҳоро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста