Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии озод дар шаҳри Остонаи Қазоқистон як медали нуқра ва як медали биринҷӣ ба даст оварданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Сомиршо Воҳидов дар рақобатҳо дар вазни то 70 килограмм баъди ду пирӯзӣ бар рақибонаш Кен Ҳосака аз Ҷопон ва Кумар Амит Дакар аз Ҳиндустон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, вале дар даври ниҳоӣ аз Мустафо Ҳусайнхонӣ аз Эрон шикаст хӯрдааст. Ҳамин тариқ, ӯ мақоми дувумро касб карда, ба мекдали биринҷии мусобиқот сазовор гардид.
Ба иттилои манбаъ, паҳлавони маъруфи тоҷик Искандари Рустам дар вазни 97 кг медали биринҷӣ ба даст оварда, лекин шаш намояндаи дигари Тоҷикистон -- Вайсиддин Ибодов, (57кг), Николай Ноев (61кг), Зелимхон Юсуфов (65кг),Азамат Сӯфиев (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг) ва Фарҳод Анақулов (120 кг) дар намуди гӯштии озод аз идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум шуданд.
Гуфта мешавад, дар ин мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Қазоқистон беш аз 200 варзишгар дар намудҳои гӯштии озод, гӯштии фарангӣ ё юнониву румӣ ва гӯштии занона ширкат доранд. Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 16 варзишгар дохиланд.
Ҳашт нафари дигар дар намуди гӯштии юнониву румӣ рӯзҳои 26-27-уми апрел рақобат хоҳанд кард. Рӯзи шанбе мусобиқа дар вазнҳои 59, 71 ва 85 кг, рӯзи якшанбе дар панҷ вазни боқимонда - 66, 75, 80, 98 ва 130 - баргузор мешавад.
Дар ҳисоби дастаӣ дар намуди гӯштии озод мунтахаби Эрон дар ҷойи аввал, дастаи Муғулистон дар ҷойи дувум ва тими мизбон - Қазоқистон - дар ҷойи севум қарор гирифтаанд.




Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста