Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон вохӯрии нахусти худ дар мусобиқаи Ҷоми Каспий-2014 дар Боку бо тими наврасони Ҷопонро мусовӣ – 1 бар 1 анҷом дод.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, дар дақиқаи 15-уми бозӣ футболбозони навраси Ҷопон ҳисоби бозиро кушода, ба футболбозони тоҷик танҳо дар дақиқаи дуюми вақти иловагии замшуда муяссар шудааст, ки ҳисобро баробар кунанд. Дар бозии навбатии гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо тими Гурҷистон қувваозмоӣ мекунад.
Бино ба маълумоти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ, мусобиқаи анъанавии Ҷоми каспий-2014 аз 28-уми май то 6-уми июн дар пойтахти Озарбойҷон бо ширкати 12 дастаи мунтахаб дар чаҳор гурӯҳ баргузор мешавад. Дар мусобиқа футболбозони синнашон то 17-сола ширкат меварзанд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Ҷопон (29-уми май) ва Гурҷистон (30-юми май) рақобат мекунад.
Гуфта мешавад, дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки ҷойҳои дувумро соҳиб мешаванд, барои ҷойҳои 5-8-ум ва дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар ҷойҳои охирин қарор мегиранд, барои ҷойҳои 9-12-ум талош хоҳанд кард.
Ҳайатҳои гурӯҳҳо чунинанд:
Гурӯҳи «А»: Озарбойҷон-1, Афғонистон, Булғористон.
Гурӯҳи «В»: Озарбойҷон-2, Қирғизистон, Эрон.
Гурӯҳи «С»: Ҷопон, Гурҷистон, Тоҷикистон.
Гурӯҳи «D»: Туркия, Ӯзбакистон, Қазоқистон.
Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Ҷоми Каспий бори севум ширкат меварзад. Соли гузашта футболбозони навраси тоҷик бо раҳбарии мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки мақоми 9-ум-ро касб намуданд.




Голи Парвиз Умарбоев беҳтарин голи сол дар “Локомотив” эътироф шуд
Чӣ гуна худро аз заҳролудшавӣ аз дуди ангишт эмин нигоҳ дорем?
Ҳалокати 67 рӯзноманигор тайи 1 сол дар ҷаҳон: RSF мақомотро ба ҳимоя даъват мекунад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 декабри соли 2025
Tarona Music Award - 2025: Ҷашни шодиву сурур наздик аст!
Мактабу кӯдакистон, бозор ва корхонаи истеҳсолӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Турсунзода кадом иншоотро ба истифода дод?
Зарару фоидаи электромобил. Чаро бархе мардон аз харидории мошинҳои барқӣ худдорӣ мекунанд?
Даргузашти Саидвалӣ Ӯзбеков, собиқ вакили порлумон ва ноиби пешини раиси вилояти Хатлон
Орун Афшор ва Муҳсин Иброҳимзода ба Тоҷикистон меоянд. Консерти онҳо кай ва дар куҷо мегузарад?
Аз зодрӯзу хатнасур ва саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ, то фолбинию фоҳишагӣ. Аз соли нав барои кадом қонуншиканӣ ҷарима боло меравад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста